Зеҳн
Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Сергей. Хаёл мекунӣ, ки ҳамаш душман? Одамтабибаташ ҳам ҳаст.

Дасташ бастагӣ, пеш-пеш Хоин, аз паси вай Рейман ва ду аскари советӣ меоянд. Сергею Ҳасанҷон як-ду қадам пеш рафта, ба Хоин бо нафрат менигаранд.

Мария-хола (ба Хоин дарафтоданӣ шуда). Хоин! (Ба Рейман). Аз куҷо доштед, ин рӯбоҳи айёрро?!

Рейман. Аз байни ярадорон.

Мария-хола. Ҳа, маккор!!

Рейман. Сару гардан ва як дасташ докапеч, дар байни ярадорони вазнин дида мондам. Дидаму дилам гувоҳӣ дод. Зеро афту башарааш ҳамин хел гуфта буданд. Аз чашмаш ҳам маълум буд. Аввал тагпурсӣ кардам. «Маро фашистон азоб доданд, ман партизан ҳастам» мегӯяд. Хайр, гуфтам, биёед яраҳоятонро аз нав дору карда бандем. Нахост. Баъд шубҳаам қавитар гашту гирифта омадам. Хостам ба дасти худи Михаил Васильевич супорам.

Мария-хола. Кошки ӯ зинда мебуд?!

Рейман (бо ҳаяҷон). Чӣ шуд ба вай?!

Мария-хола. Қаллодон ба мақсадашон расиданд!

Рейман (гиря карда). Эҳ, лаънатиҳо!

Ҳасанҷон аз чоҳ об мекашад, ба Рейман дароз мекунад.

Ҳасанҷон. Нӯш, аз чоҳи Миша-амак.

Рейман (каме нӯшида). Раҳмат, оби ширин будааст.

Ҳасанҷон (сатилро назди Хоин бурда). Ма, нӯш,
хар!

Сергей (бо ғазаб). Сатилро ҳаром накун!

Ҳасанҷон (обро ба рӯи Хоин пошида). Ба ту об
ҳам ҳайф, ҳайвон!

Мария-хола. Ин мурдор ялоқи фашистонро лесинда, ташнагиашро бо хуни мардуми бегуноҳ шикастагӣ!

Рейман. Хоин аз душман разилтар аст.

Ҳасанҷон (парронданӣ мешавад). Очата об барад, хар!..

Сергей (ӯро дошта). Исто! Саросема нашав. Бо тир муфт мемурад ин саг. Ба трибунали ҳарбӣ месупорем!

Рейман. Овехтан даркор!

Мария-хола. Дар байни издиҳом!

Ҳасанҷон. Албатта!

Мария-хола (ба Рейман Ҳасанҷонро ишора карда).

пешина
аз 323
навбатӣ