Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа
Мария-хола. Ҳазл кард-дия. Чоҳ, ки буд шуд, аз хурсандӣ...
Ҳасанҷон. Лекин оби равон ва ниҳоят ширин баромад. Очаша об барад, як пиёла нӯшед, ҳузур мекунед. Боржоми барин.
Сергей. Миша-амак зинда мебуд, чӣ хел аз ту хурсанд мешуд.
Мария-хола. Арвоҳаш шод шавад.
Ҳасанҷон (ба Сергей). Ба ҳар ҳол ба ваъда вафо кардем, ҷӯраҷон.
Мария-хола. Дар воқеъ боржоми гуфтию... вай ҳамроҳи кавказиатон канӣ, ҷавони чингиламӯ?
Ҳасанҷон. Ҳалок шуд, хола.
Мария-хола. Афсӯс, ҷавони ғалатӣ буд-дия.
Сергей. Душман ҳам аз замину ҳам аз осмон ҳуҷум кард. Истеҳкоми моро чунон бомбаборон кард, ки хандақҳо ба саллоҳхона табдил гаштанд. Анзор Бараташвили дар паҳлӯи ман буд. Ба танк граната партофт. Бо се граната вайро аз қатор баровард. Ногаҳон танки дигар пайдо шуд. Ба ин ҳам як граната ҳаво дод.., гранатаи дигарро ба даст гирифта буд, ки... (гиря карда) тир расиду чунон чиррос зад, ки... Дар бағалаш шишаҳои бензин дошт... Дар як фурсат ангишт барин шуд... Не, наметавонам! Чӣ хел даҳшат буд, чӣ хел даҳшат буд!..
Мария-хола (гириста). Илоҳӣ хонаи душман сӯзад!
Ҳасанҷон. Тақдир, хола, тақдир.
Сергей. Худаш ягона писар будааст. Ҳамроҳи падараш ба фронт омада будааст. Дирӯз гуфта истода буд, ки чанд ҳафта ин ҷониб аз падараш хат нагирифтааст.
Ҳасанҷон. Ду моҳ нагирифтааст.
Мария-хола. Афсӯс... афсӯс. Ҳоли вай модари бечора чӣ шуда бошад-а?
Ҳасанҷон (ба тарафи чап парешонҳол нигариста). Очаша об барад, кӣ меояд?
Мария-хола. Кӣ бошад? (Синча карда). Кадом як мурдорро гирифта меоянд. Дар пасаш духтур, боз ду аскари худамон! Лекин ба духтур аҳамият надиҳед. Аслаш духтури ҳарбии немис. Хизмати моро мекунад. Одами худӣ.
Ҳасанҷон. Мабодо ҷосус набошад?
Мария-хола. Не, аз ғалбер ҳам гузаронидагӣ, аз элак ҳам.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо