Зеҳн
Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Сергей. Ин хел одамон намемиранд.

Мария-хола. Ҷонаш аз чӯяну иродааш аз фӯлод буд.

Сергей. Номаш достон мешавад...

Овоз аз чоҳ. Очата об барад, мурдӣ магар, ин қадар лаккидӣ?! Каш!

Сергей. Оббо, арвоҳ занад-е... ҳозир! (Аргамчинро мекашад, сатили пур аз обро дошта, ба сӯе холӣ мекунад). Тамом?!

Овоз аз чоҳ. Боз як сатили дигар!

Сергей сатили обро кашида, ба сӯе холӣ мекунаду сатилро аз аргамчин ҷудо карда, ба сӯе мегузорад ва аргамчинро ба чоҳ мефурорад.

Сергей. Миёнатро маҳкам банд, ман мекашам! Шунидӣ? Худатро эҳтиёт кун!

Аз чоҳ Ҳасанҷон мебарояд. Докаҳои сару гарданаш кушода шуда, ба гарданаш овезон шудаанд.

Ҳасанҷон. Очата об барад, чунон тез кашидӣ, ки яраҳоям кушода шуданд.

Сергей. Арвоҳ занад, эҳтиёт шав гуфтам-ку!

Ҳасанҷон. Дидед, хола, инро худо ба маҳмадоногӣ мондагӣ.

Сергей. Арвоҳ занад, чӣ шудааст?

Ҳасанҷон. Одами аз чоҳ барояндаро оҳистатар, бо эҳтиёт мекашанд.

Сергей. Хайр, ин навбат.

Ҳасанҷон. Ин навбат, хобатро ба об мегӯӣ.

Мария-хола. Эҳ-хе-е (чанги либоси Ҳасанро af-шонда) яраҳоят кушода шуда рафтаанд. Азоб кашидӣ, писарам.

Ҳасанҷон. Ҳеҷ гап не, хола, очаша об барад, ман чоҳҳои даҳметраро кофтагӣ. Ин чӣ? Чор метр ҳам намеояд.

Мария-хола. Он вақт ту саломат будагӣ, писарам.

Сергей. Ба фаҳми чоҳ намерафтӣ, себдуздӣ карда мегаштӣ.

Ҳасанҷон (ҳамла карданӣ шуда). Ҳой, очата об барад!

Мария-хола. Ҳай-ҳай, шӯхӣ накун! Яраҳоят бадтар мешаванд, писарам.

Ҳасанҷон. Қилиқи инро намебинед?

пешина
аз 323
навбатӣ