Зеҳн
Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Миша-амак. Хайр, шаш ҳазорашро медиҳӣ? Даҳ пачка махорка ҳам медиҳам.

Аскар. Медиҳам!

Миша-амак. Дурӯғ намегӯӣ?

Аскар. Қасам ба Худо!

Миша-амак. Ҳӯш... (Ба атроф нигариста, ба аскар боз махорка медиҳад). Ту дар ҳамин ҷо мунтазир шав. Ман дар куҷо буданашро аниқ карда меоям. Баъд ҳамроҳ меравем. Дуруст?

Аскар. Дуруст.

Миша-амак. Мабодо дурӯғ нагӯӣ?

Аскар. Ба Худо гуфтам-ку!

Миша-амак. Ман тез меоям.

Аскар. Майлаш! Тезтар рав!

Миша-амак меравад. Аскар аз хурсандӣ ба рақс меояд, занзамакунон ба хона медарояд. Фурсате нагузашта дар даст шишаю қадаҳ калавида-калавида мебарояд. Боз мерақсад. Чизе ба хотираш омада, шиша дар дасташ муаллақ мемонад. Ҷиддӣ шуда шишаро ба сӯи ҳаво медиҳад.

(Ба сараш зада). Эҳ, каллаварам, каллаварам! «Асабӣ», «мудом махорка мекашад», гуфта буданд-ку! Худи ҳамин! (Афтидаю хеста, бо шитоб меравад).

Парда

Намоиши панҷум

Ҳавлии Миша-амак. Дар паҳлӯи чоҳи кӯҳна чоҳи нав пайдо шудааст. Сарпӯшу чарх дорад. Дар паҳлӯи чоҳи нав Сергей ва Мария-хола бо шахси дар даруни чоҳбуда гапзанон карда истодаанд.

Сергей (дар даст арғамчин, ба чоҳ хам шуда). Чӣ? Охирин?! Оббо, арвоҳ занад-е, тамом кардам гӯй? Оби нағз баромад? Офарин, Ҳасанчик!

Мария-хола (ба чоҳ хам шуда). Боракалло, писарам, боракалло! Канӣ акнун Михаил Васильевич, зинда бошаду инро дида хурсанд шавад. (Оби чашмонашро пок карда). Бечора дар куҷо хок шуда бошад? Ҳайфи одам...

Сергей. Кӣ медонад, шояд зинда бошад.

Мария-хола. О-о, кошки. Яке мегӯяд, ки ҷаллодон ба дор овехтанд, дигаре мегӯяд, ки ба думи асп баста бузкашак карданд.

пешина
аз 323
навбатӣ