Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа
Мишамак. Чӣ?
Аскар. Ин ҳавлии ту-мӣ, мегӯям?
Мишамак. Не.
Аскар. Пас чӣ кор мекунӣ дар ҳавлии бегона?
Мишамак. Ту чӣ кор мекунӣ?
Аскар. Ман касеро ҷустуҷӯ мекунам.
Мишамак. Ман ҳам.
Аскар. Киро?
Мишамак. Ман соҳибхонаи духтур Рейман ҳастам.
Аскар. Ух-хӯ, духтури зӯр. Лекин ба ҳар кас бовар намекунад.
Мишамак (худ ба худ). Аблаҳҳо!
Аскар. Чӣ гуфтӣ? Аблаҳ? Не, вай аблаҳ нест. Одами пухта, боакл, раҳмдил. Ӯро нафаҳмӣ ту аҳмақӣ.
Мишамак рафтани мешавад. Аскар ҳамоно аз ҷояш хеста, илтимос мекунад.
Аскар. Исто, исто, куҷо меравӣ? Боз камтар маҳорка дода рав!
Мишамак (маҳорка медиҳад). Ма.
Аскар. Ту Са-Саборо медонӣ?
Мишамак. Саъба?
Аскар. Не, Сабо. Мӯйсафеди миёнақад мегӯянд. Китфвасеъ будааст. Ҳама дар кофтукови ӯ. Касе ёфта супорад, мукофоти калон мегирад. Лекин аз ту ҷавонтар будааст.
Мишамак. Аблаҳҳо!
Аскар. Ҳа, аблаҳ мегӯянд. Ту намешиносӣ?
Мишамак. Не, бори аввал мешунавам.
Аскар. Афсӯс.
Мишамак. Чӣ, ту кофтуков мекунӣ?
Аскар. Кӣ мукофот гирифтан намехоҳад, аҳмақ?
Мишамак (каме хаёл карда). Исто!..
Аскар. Ҳа, ба хотират омад?!
Мишамак. Ба назарам, ман ҳамин хел одамро дида будам. Аммо номашро намедонам.
Аскар (хурсанд шуда). Дида будӣ?
Мишамак. Ҳа.
Аскар. Ёфта метавонӣ?!
Мишамак. Чӣ медиҳӣ?!
Аскар. Чӣ хоҳӣ!
Мишамак. Даҳ ҳазор маркаи немисӣ медиҳӣ?
Аскар. Худаш даҳ ҳазор марка медиҳанд. Ҳеҷ набошад, нисфашро гӯй-дия.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо