Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа
Зоя. Ман рафтам! Зуд бошетон!
Миша-амак. Аблаҳҳо!
Зоя. Зуд бошед!
Рейман аз паси ӯ меравад. Миша-амак бо дили нохоҳам як-ду қадам мемонад ва дасташро афшонда бармегардад.
Миша-амак. Рафтан гир.
Зоя. Намеравед?
Миша-амак. Не.
Зоя. Ба шумо ҷон даркор набошад, ҷони шумо ба ҷамъият даркор! Фаромӯш накунед, ки ғалабаро шумо бояд таъмин кунед! Ин суханҳоро мо аз шумо ёд гирифтаем!
Рейман. Рафтем, дӯстам!
Миша-амак. Ман ба ҷангал... сонитар меравам.
Зоя. Ҳуди ҳозир аз ин ҷо меравед!
Миша-амак. Ту ба ман фармон медиҳӣ?!
Зоя. Аз номи Ватан фармон медиҳам!
Миша-амак (китф дарҳам кашида). Чӣ илоҷ...
Зоя (тозон омада Миша-амакро мебӯсад). Раҳмат, амак! Ба Орёл саломи маро расонед. Роҳи сафед!
Зоя ва Рейман мераванд. Миша-амак аз паси онҳо хаёл карда мемонад. Баъд даст меафшонаду омада ба ҷоҳ бо хашм менигарад. «Аблаҳҳо» гӯён ҷоҳро лагад мезанад. Ба курсӣ нишаста, махорка мекашад. Ғурриши мотоцикл ба гӯш мерасад. Аскаре саросемавор омада ба хона медарояд, зуд мебарояду дӯғ мезанад.
Аскар. Ҳой, пирсаг, куҷо рафтанд инҳо?!
Миша-амак ба ҷои ҷавоб китф дарҳам мекашад.
Аскар. Ман аз ту мепурсам, куҷо рафтанд инҳо?!
Миша-амак (боз китф дарҳам кашида). Ба ман мегӯянд магар?
Аскар. Чаро дар хона нестанд?.. Бояд дар ҳамин ҷо бошанд.
Миша-амак. Аблаҳҳо!
Аскар. Чӣ гуфтӣ?
Миша-амак. Чӣ?
Аскар. Онҳоро ба штаб чеғ мезананд... Махорка дорӣ?.. Барор, як кайф кунем.
Миша-амак тамокухалтаяшро бароварда, махорка медиҳад, аскар ноӯҳдабароёна махорка печонида, тамоку мекашад.
Аскар. Чӣ хел махоркаи нағз... Баланд. Кирои кайф кардан. Аскарҳо орзу мекунанд, ки махоркаи рус кашанд. Ту дар ҳамин ҷо зиндагӣ мекунӣ?

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо