Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа
Мария-хола. Хуб. (Меравад).
З о я. Ман дигар дар ин ҷо истода наметавонам. (Ба Миша-амак) Шумо ҳам зуд аз ин ҷо ба ҷангал равед.
Рейман. Дуруст мегӯед.
Миша-амак. Ба ман ҷин намезанад.
З о я. Акнун якравӣ фоида надорад. Ин ба фоидаи кори умумӣ!
Миша-амак. Аблаҳҳо!
Рейман. Мӯҳтарам Зоя, ман чӣ бояд кунам? Баъд аз ин воқеа аз ман шубҳа карданашон мумкин. Зеро ман гуфта будам, ки назди капитан меравам.
З о я. Шумо?.. Ҳозир... Шумо рафта, аз худи онҳо мепурсед, ки капитан дар куҷо. «Ба фалон ҷо биё гуфт, рафтам, набудааст».
Рейман. Маслиҳати хуб. Вале қофия танг омада монад чӣ мешавад?
Миша-амак. Ба ҷангал.
З о я. Рост мегӯянд. Назди мӯйсафеди якдаста меравед, он тарафашро худаш медонад. Лекин ҳозир ман «бемор», шумо маро бо мошини санитарӣ гусел мекунед.
Рейман. Ба куҷо?
З о я. Баъд мегӯям.
Рейман. Фаҳмида шуд.
З о я. Вай гуфтагиамро фаромӯш накунед. Ба дасти Мария-хола месупоред, ӯ ба ман мерасонад.
Рейман. Дигар шуморо намебинам?
З о я. Гуфта наметавонам.
Рейман. Охир, бе шумо ман кӯри беасо барин шуда мемонам.
З о я. Минбаъд бо мӯйсафеди якдаста кор мебаред. Ӯ зинда бошад, асо ёфт мешавад.
Рейман. Ташаккур.
З о я. Хайр, шумо ба чӣ фикр омадед?
Миша-амак. Ту меравӣ?
З о я. Дигар илоҷ нест, амак.
Миша-амак. Аз Орёл ҳеҷ хабар надорӣ?
З о я. Орёлатон амалиёти зӯр гузаронида, як рота душманро замин газондааст. Фақат ҳаминашро медонам.
Миша-амак (табассум карда). Орёл! (Ба Рейман тамоку таклиф мекунад). Ма, каш!
Рейман. Шумо медонед, ки ман намекашам. Хайр, барои хурсандии шумо мекашам.
Ғалогулиро шунида Зояю Рейман хавотир мешаванд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо