Зеҳн
Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Зоя (ҷиддӣ ва фармонфармояна). Нақша вайрон шуд! Корро расво кардед!
М а р и я-х о л а. Боз чӣ кор кардӣ, Миша?!
Зоя. Капитанро ба ҷоҳ тела дод! (Сарашро дошта, хаёл карда мемонад). Акнун чӣ бояд кард?..
М а р и я-х о л а. Ин чӣ қорат, Михаил Васильевич?
Охир...
М и ш а-а м а к (бепарвоёна махорка кашида). Аблаҳҳо!
Р е й м а н. Акнун тақдири ман чӣ мешавад?
М и ш а-а м а к. Ба ҷаҳаннам меравӣ!..
Зоя. Эътибор надиҳед, Рейман, дар болои ҷаҳл...
М а р и я-х о л а. Ҳа-а, ин одами асабӣ, шуморо нағз медонад.
Р е й м а н. Ҳар чӣ гӯянд, ман хафа намешавам. Ин касро нағз медонам. Аммо маро фош карданашон мумкин. Он вақт ба шумо ёрӣ расонида наметавонам.

Зоя бошитоб ба хона медарояд.
М а р и я-х о л а. Сари ман ҳам гаранг шуда монд.
Р е й м а н (ба ҷоҳ хам шуда). Ба ҳар ҳол ба болояш сангу хишт партофтан лозим. Як сатил оҳак бошад, боз беҳтар.

Миша-амак ба Рейман бо табассум нигариста, зуд ба қафои хона мегузарад ва як тагора оҳак оварда ба ҷоҳ мерезад. Ҳар се сангу хиштҳои дар атроф бударо чида оварда ба ҷоҳ мепартоянд.

Р е й м а н. Кифоя будагист.
М а р и я-х о л а. Дар ду дунё сар бардошта наметавонад!

Саросемавор Зоя мебарояд. Аз бағалаш коғазеро бароварда, ба Мария-хола месупорад.

З о я. Маҳкам кунед! Зуд ба соҳибаш расонед! Гӯед: ба мӯйсафед хабар диҳад, ки «хона вайрон шуд, бачаҳо ба саҳро рафтанд» Фаҳмидед? Такрор кунед!
М а р и я-х о л а. Инро ба соҳибаш мерасонам. Ба соҳибаш... не, ба мӯйсафед хабар медиҳам, ки хона вайрон шуд.
Зоя (диққат шуда). Ҳанӯз ҳам аҳволатон ҳамин?!
М а р и я-х о л а. Исто, ман гӯям!
З о я. «Хона вайрон шуд, бачаҳо ба саҳро рафтанд».
Акнун фаҳмидед?
М а р и я-х о л а. Фаҳмидам. «Хона вайрон шуд, бачаҳо ба саҳро рафтанд».
Зоя. Фаромӯш накунед. Равед, тезтар!

пешина
аз 323
навбатӣ