Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа
М и ш а-а м а к (дар қаҳр шуда). Ту баринашро надидаам!
Капитан. Ту Гитлерро дидай?
М и ш а-а м а к. Не.
Капитан. Ту... ту дар... дар ҳақиқат аҳмақ будай. О-о-озодкунандаи худро ки намедонӣ, аҳмақи якум ҳастӣ.
М и ш а-а м а к. Шояд.
Капитан (қоқ-қоқ зада хандида). Худаш ко-қоил мешавад-а!.. Не-е, ту... ту аҳмақ нестӣ. Ту... ту айёрӣ... Хайр, ман ба кӣ... ба кӣ монанд?
М и ш а-а м а к. Намедонам.
Капитан. Ҳама мегӯянд, ки... мегӯянд, ки м-ман ба Гитлер монанд.
М и ш а-а м а к. Шояд ба ҷиянаш монанд бошӣ? Ё ту ҷиянаш?
Капитан. О-о, пас маълум ме-мешавад, ки ту ӯ-ӯро дидай. (Сигарет дароз мекунад). Ма, ба ҷони ғаниматат каш.
М и ш а-а м а к. Ман сигарет намекашам.
Капитан. Ма-а, ноз накун! Дар умрат надидаи инро... Медонӣ, пирсаг, со-соҳиби ин ҳавлиро ма...ман «пик» паррондам. Пи-писарашро ҳам. Он-онҳо ба ха-халки озоди Украина хи-хиёнат карданд. Фа-фаҳмидӣ?
М и ш а-а м а к (сатилро ба чоҳ фуроварда истода). Худат медонӣ.
Миша-амак хам шуда, об кашиданӣ мешавад, гӯё арғамчин намерасад. Монда шудагӣ барин миёнашро рост мекунад. Капитан нӯги арғамчинро аз ӯ кашида мегирад.
Капитан. Ба... ба ман деҳ, пирсаг, ға-ғайр аз ялоклеси ко-кори д-дигарро намедонӣ.
Ҳангоми ба чоҳ хам шудани Капитан Миша-амак бо мисрон ба сари ӯ зада, зуд аз пояш бардошта, ба чоҳ тела медиҳад. З о я омада мемонад.
З о я (бо ҳаяҷон). Шумо чӣ кор кардед?!
М и ш а-а м а к. Аблаҳҳо! (Зояро бо мисрон заданӣ мешавад).
Фарёдкунон Мария-хола ва Рейман медароянд.
Мария-хола. Михаил Васильевич! Михаил Васильевич! Магар девона шудӣ?!
М и ш а-а м а к мисронро ба сӯи ҳаво медиҳад. Ба онҳо хашмгинона нигариста, аз кисааш тамокуҳалта мебарорад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо