Зеҳн
Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Капитан (бо ангушташ таъкид карда). Фақат оби чоҳ! (Ба кисааш даст зада чиз ба хотираш меояду ба хона медарояд).

Оҳанги мусиқӣ ба гӯш мерасад. Миша-амак меояд.

Зоя (аз дасти Миша-амак ба сӯи чоҳ кашола карда). Не нагӯед, амак. Илоҷе кунед, ки як сатил бошад ҳам об гирем.

Миша-амак. Ба ҷаллод об медиҳам?

Зоя (бо овози пасттар). Ҳозир чӣ хоҳад, кардан зарур. Он тарафашро худатон медонед.

Миша-амак (каме хаёл карда). Хайр, рав, аз корат намон.

Зоя. Чим. Оҳистатар.

Зоя ба хона медарояд. Миша-амак маҳорка кашида, каме хаёл карда мемонад. Баъд сатилро назди чоҳ мемонад. Аргамчини бутунро пора-пора карда, барои аз нав бастан овора мешавад. Аз хона Капитан мебарояд. Одами бегонаро дида, як қад мепарад. Миша-амак эътибор намедиҳад. Капитан назди ӯ меравад.

Капитан (аз китфи Миша-амак кашола карда). Ту... ту аз куҷо пайдо шудӣ, пирсаги беимон? А, аз осмон фуромадӣ магар? Гап зан, мурдор!

Миша-амак. Ман пайдо нашудаам. Маро чеғ заданд.

Капитан. Кадом аҳмақ чеғ зад туро?

Миша-амак. Магар дар дунё аҳмақ кам аст?

Капитан. Рост мегӯӣ, аҳмақ набошад ту аҳмақро чеғ мезад магар?

Миша-амак. Чоҳро дуруст кардан даркор, гуфт.

Капитан. О-о, ин хел бошад, вай одами аҳмақ нест. Оби ин чоҳ н-н-ниҳоят ширин. Ту... нӯшидай асло?

Миша-амак. Не.

Капитан. Пас ту аҳмақӣ. Рост мегӯям?

Миша-амак. Рост.

Капитан. И-ин гапат ба ман ма-маъқул! «Рост!» (Механдад). Исто, ки соҳиби ҳа-ҳамин ҳавлиро мешиносӣ?

Миша-амак. Не.

Капитан. Хе-е, ту айёрӣ накун, мешиносӣ.

Миша-амак. Ман бори аввал ба ин ҳавлӣ омадам.

Капитан. Пас ту каме монанд будӣ. Вай ҷавон буд. Одам ба одам монанд мешавад. Ман... ман ба кӣ монанд? Ни-нигоҳ кун, ана!

пешина
аз 323
навбатӣ