Зеҳн
Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Рейман. Саломатии онҳоро аз назар гузарондан даркор буд. Мабодо бо касалиҳои сирояткунанда нараванд?

Капитан. Ҳа-а, нағз кардӣ ба ёдам овардӣ. Ташаккур ба ту, Отто. Ин корро бояд худи ту ба ҷо орӣ. Ҳозир бояд равӣ!

Рейман. Ман вақт надорам, ҷаноби капитан. Ҷаноби майор илтимос карда буд, ки ӯро муолиҷа кунам.

Капитан. Чӣ ҷин задааст ӯро?

Рейман. Тобам гурехт, гуфта буд.

Капитан. Ҳеҷ бало надааст ӯро. Аракро камтар хӯрад.

Рейман. Ба ҳар ҳол ӯро бояд огоҳ кунам, ки ман мувофиқи талабаш омадам.

Капитан. Дар хона нест. Шустушӯйро баҳона карда, ғайб зад. Медонам, ин фосиқ ба «шикор» рафтагӣ. Як умр аҳволаш ҳамин.

Рейман. Пас шумо гувоҳ, ки ман омада будам. Дуруст?

Капитан. Шуд. Фақат ба вай кор дер намон.

Рейман. Онҳо бо поезд мераванд?

Капитан. Бале.

Рейман. Қай мераванд?

Капитан (каме хаёл карда). Инаш махфӣ... Хайр, ба ту гуфтан мумкин. (Бо овози пасттар). Фардо, соати дувоздаҳи шаб. Лекин гуфта монам, ки ин ҳам қатъӣ не.

Рейман. Фаҳмида шуд. Шумо дар ҳамин ҷо мешавед?

Капитан. Бале. Чӣ буд?

Рейман. Зарур шуда монед, меоям.

Капитан. Марҳамат. Ҳайль Гитлер!

Рейман. Ҳайль Гитлер! (Меравад).

Дар даст чойнак Зоя аз хона мебарояд.

Капитан. Куҷо меравӣ, тӯтибинӣ? Акнун ҳамроҳ маишат мекунем.

Зоя. Чой оварданӣ будам, барои шумо.

Капитан. Ман оби чоҳ менӯшам. Обашро хеле таъриф мекунанд.

Зоя (ҳавотиромез). Охир...

Капитан. Чӣ, охир?

Зоя. Ин чоҳ на аргамчин дораду на сатил.

Капитан. Агар хоҳӣ, ҳамааш мешавад.

Зоя. Хуб ҳаракат мекунам.

пешина
аз 323
навбатӣ