Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа
Намоиши чорум
Саҳнаи намоиши якум. Дар зери дарахти себ қабри Петро пайдо шудааст. Ойнаи тирезаи хона то ним пардапуш. Аз қафои парда сояи шишаҳо ба назар мерасад. Дар назди чоҳ офицери немис ва Миша-амак рост истодаанд.
Офицер (қавоқашро гирифта). Об надорад мегӯй? Рост мегӯй, мурдор?
Миша-амак (ба чоҳ ишора карда). Бовар накунӣ, бо чашмат бин.
Офицер ҳам шуда, чоҳро диданӣ мешавад. Миша-амак бо мисрон ба сараш зада, аз пояш мебардораду ба чоҳ тела медиҳад. Ба атроф назар медавонаду тамокукашон сӯи қабри Петро қадам мезанад. Зоя дар либоси сафед, дар табақ мурғибирён, аз паси ӯ Рейман меояд. Рейман ба гӯши Зоя ким-чӣ пичиррос мезанад. Капитан ба мо шинос, ки аз хона мебарояд, инро дида, қоҳ-қоҳ зада механад.
Капитан. Ҳа, мӯйсафеди фосиқ, хонимҷаро бӯса кардан мехоҳӣ? Ба ту намезебад. Рав, ту очаашро ёв!
Рейман. Дар ҷое, ки шумо ҳастед, оё бӯса карда мешуд?
Капитан. Набошад, чиҳо гуфтӣ?
Рейман. Гуфтам, ки ҷаноби капитан зан доранд, аммо ман муҷаррадам.
Капитан. Нодуруст мегӯй, дар фронт ҳама муҷаррад.
Зоя бо сари хам табақро ба хона гирифта мебарад.
Рейман. Дар ин қатор шумо ҳам?
Капитан. Чӣ барои ман зан ёфтӣ?
Рейман. Соҳибҷамоли украинӣро чӣ кор кардед?
Капитан (бо ангушташ чаккаашро нишон дода). Пиқ. Ба ҷаҳаннам рафт.
Рейман. Паррондед?
Капитан. Баде. Як тирро барбод додам.
Рейман. Нағз накардед, ҷаноби капитан.
Капитан. Чӣ, дилат месӯзад?
Рейман. Хе-е, чунин ҳусну тароваатро дар умрам бори аввал дидам. Бай-бай-бай, гул буд, гул.
Капитан. Ту ҳамеша ошиқи гул. Вале намедонӣ, ки гул хор ҳам дорад.
Рейман. Ба ҳар ҳол аз симхор фарқ дорад-ку.
Капитан. Парво накун, духтур, дусадто гули бехорашро сара карда гирифтам. Пагоҳ ба ватан мефиристем. Хоҳӣ даҳтоашро ҷудо карда гир.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо