Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа
Мария-хола. Ин каси дигар барин-ку!
Зоя. Шумо дидам гуфтед-ку?
Мария-хола. Ҳа, дида будам. Михаил Васильевич буд. Дурусттар бинетон-е!
Зоя. Наход Миша-амакро нашиносем? Ин кас мӯйсафед-ку!
Мария-хола. Наход?
Рейман (синча карда). Худаш. Михаил Васильевич. (Оби чашмонашро пок карда). Ин ҳодисаи аҷоиб.
Мария-хола. Тавба, охир навакак... Худоё тавба, одам чӣ хел дар як дам тағйир меёфтааст-а?!
Рейман. Ҳамин хел ҳам мешавад. Мусибати сахт одамро ба ҳар бало гирифтор мекунад.
Мария-хола. Ман ин хел ҳодисаҳоро дар афсонаҳо шунида будам.
Зоя. Ин бадтар аз афсона. (Ба Миша-амак об медиҳад). Михаил Васильевич, даҳонатонро кушоед, об нӯшед! Ман Зоя!
Рейман. Худатонро доред, додарам, шумо зинда ҳастед, зинда мемонед!
Миша-амак чашмонашро кушода, бо ҳайрат ба атроф менигарад.
Зоя. Михаил Васильевич, хушҳёр шавед, ман Зоя! Заҳматон бехатар!
Миша-амак (сарашро бардошта). Аблаҳҳо!
Мария-хола. Михаил Васильевич, худатро дор, сиҳат мешавӣ!
Рейман. Зуд ба як ҷои паноҳ бурдан лозим.
Зоя. Ба ҳамон ҷо барем, чӣ мешуда бошад?
Рейман. Дуруст, ҷои бад не. Фақат тезтар бурдан лозим, тезтар!
Мария-хола. Хайр, рафтем набошад!
Ҳар се аз бағали Миша-амак бардошта бурданӣ мешаванд. Аммо ӯ розӣ намешавад. Худро ба ҷасади писараш партофта, бо овози ларзон мегӯяд: «Маро паррон!... Маро паррон!». Онҳо боз кӯшиш мекунанд, ки гирифта раванд, саришта карда наметавонанд. Бо зӯрин онҳо Миша-амак рост истода, ба сӯе, ки фашистон рафтанд, наҷра мекашад: Аблаҳҳо!
Парда

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо