Зеҳн
Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

нахеста ба Петро тир холӣ мекунад. Аммо тир намекарад. Боз меандозад. Фарёдкунон Миша-амак меояд.

М и ш а - а м а к. Маро паррон, аблах! Маро паррон!! Хоин. Падараш, ҷаноби капитан, падараш! Сари морон ҳамин аст, парронед!

Капитан се тир холӣ карда, Петроро ҳалок мекунад. Миша-амак ба Капитан ҳамла мекунад, Капитан ӯро низ бо ду тир аз по меафтонад. Миша-амак тоб хӯрда, ба болои писараш меафтад.

К а п и т а н. Сагбачаҳоро ба гӯри худошон кофта партоед! Бигузор сагҳои ин атроф хӯрда, маро дуо ку-нанд! (Механдад).

Х о и н. Хеле оқилона рафтор кардед, ҷаноби капитан.

Капитан (ба китфи Хоин зада). Бори аввал хато накардӣ, мурдор!

Хоин. Сарфарозам, ҷаноби капитан, сарфарозам.

Капитан. Қорат омад кардан гирад, ба илтифоти фюрер мушарраф мешавӣ, ахмақ. (Хандида). Ҳоли чӣ буд? Ҳа, «мо-да-рӯ-боҳ!» (Қоҳ-қоҳ зада хандида). «Мо-да-рӯ-боҳ!»

Ҳар ду қоҳ-қоҳ зада механданд.

Хоин (ба Петрою Миша-амак ишора карда). Би-нед, кӣ шерӯ кӣ рӯбоҳ!

Капитан (ба рафтан ишора карда). Ҳайль Гит-лер!

Дигарон. Ҳайль Гитлер!

Парешонҳол Мария-хола меояд. Ба атроф назар афканда зери дарахти себро мебинаду худро болои Петро ва Миша-амак мепартояд, дод зада мегиряд.

Мария-хола (бо ҳаяҷон). Зинда! Михаил Василь-евич зинда! Михаил Васильевич зинда! Ту зиндай?! Ман Мария!.. Ҳой, кӣ ҳаст?! Ёрӣ диҳед!!

Мария-хола тозон ба сӯи ҳавлиаш меравад. Чароғ хомӯш мегардад. Баъд аз каме дармегирад. Рейман Петроро муоина мекунад. Мария-хола ва Зоя рост истодаанд.

Рейман. Афсӯс, ки кораш шудааст...

Ҳар се зуд Миша-амакро паҳлӯ гардонда, ҳайрон мешаванд. Мӯйсараш сафед, рӯяш пур аз очин. Тамоман одами бегона барип.

пешина
аз 323
навбатӣ