Зеҳн
Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

бузург олиҳиммат аст. Ҳар кас метавонад ба эҳсонаш мушарраф гардад. Фақат...

П е т р о. Олиҳимматиатро медонам. Гап зан, чӣ мехоҳӣ аз ман?!

Х о и н. Ту метавонӣ зинда монӣ, Петроҷон!

П е т р о. Аз монандӣ ту зинда мондан чӣ фоида?

К а п и т а н. Ҳоло тақдири худат дар дасти худат.

Х о и н. Соҳиби мартабаи нағз ҳам мешавӣ.

П е т р о. Ту барин? Не, ман инсон ҳастам! (Ба Хоин ҳамла карданӣ мешавад). Хоин!

Х о и н (гурехта). Доред! Доред, ин ночинсро!

К а п и т а н. Ҳеҷ гап не, аз саг чӣ гила? Ҳамла кардан одати саг!

П е т р о (ба Хоин ишора карда). Модарӯбоҳ бояд сагро аз саг фарқ карда тавонад!

Х о и н. Ҷаноби капитан, ин муттаҳам шуморо ҳам бо саг баробар карда истодааст. Парронед, раҳм накунед!

П е т р о. Шояд хӯҷаинат аз ту бафаҳмтар бошад?

К а п и т а н. Офарин комиссар, офарин!.. Хӯш, дигар ҳоҷати якравӣ набусад даркор-а? Анбори аслиҳа дар ҳамин ҷо?

П е т р о. Дар ҳамин ҷо!

К а п и т а н. Боз дар куҷо?

П е т р о. Дар ҳама ҷо!

К а п и т а н. Аниқтараш?

П е т р о. Дар даҳ ҷо, дар сад ҷо! Боз чӣ мехоҳӣ?!

Х о и н. Шуморо лаққонда истодааст, ҷаноби капитан. Худам медонам боз дар куҷоҳо ҳаст.

К а п и т а н. Онҳо ба ман зарур нестанд. Ба ман фақат се чизро гӯяд кифоя: манбаи аслиҳа, аз куҷо, ба воситаи кӣ? Фаҳмидӣ?

П е т р о. Аз Германияи «покнажод», ба воситаи сагони девонае, ки ба ҷаҳаннам мераванду аслиҳаи худро фаромӯш мекунанд. Қаноат кардед, ҷаноб?

К а п и т а н (бо ғазаб). Гӯрбача!

П е т р о. Ман ба савол ҷавоб дода истодаам, ҷаноби капитан!

К а п и т а н. Шумораи партизанҳоят?

П е т р о. Миллионҳо нафар!

К а п и т а н. Бе масхарабозӣ! Онҳо дар куҷоянд?!

П е т р о. Дар ҷангал, дар байни ту, дар қафои ту!

К а п и т а н (бо ғазаб). Ҳоло ҳамин тавр?!

Капитан Петроро мезанад. Петро ба рӯи ӯ туф мекунад ва бо лагад мезанад. Капитан қафонокӣ меафтад, аз ҷояш

пешина
аз 323
навбатӣ