Зеҳн
Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Капитан. Ҳа-а... (Зогона қадам зада, ба Петро, тамасхӯромез нигариста). Маълум мешавад, ки «ҷаноби обер-лейтенант» ташна мондаанд. Нӯшед, бемалол нӯшед, натарсед. Ҳа, ба одами «мӯътабар» лойқахӯрӣ намезебад. Аз оби софи чоҳ нӯшида гиред, то сер шудан нӯшед.

Капитан, бо ғазаб сатилро аз дасти Петро гирифта, чаппа карданӣ мешавад. Петро бо сатил ба Капитан ҳамла мекунад. Аскарҳо Петроро медоранд.

Петро. Аблаҳҳо!

Хоин. Маҳкамтар доред! Сахт бандед дасташро!

Капитан (бо заҳрханда). Лозим не. «Обер-лейтенант»-ро азоб додан гуноҳ аст. Ҳамин тавр не, рафиқ комис-сар?! Маҷоли гап задан надоред? Ҳа-а, ҳалкатон хушк шудааст. Ҳеҷ гап не, ҳозир ташнагиатон мешиканад. (Бо ғазаб). То кай мегурезӣ, ҳаромӣ?!

Петро (бепарвоёна). Мо ба гурехтан одат накарадем, ҷаноб!

Капитан. Ҳоло ҳам иқрор намешавӣ, аблаҳ?!

Петро. Кадоми мо аблаҳ, баъд маълум мешавад!

Капитан. Аблаҳ касест, ки ба озодкунандагони худ теғ кашад!

Петро. Сахв мекунед, ҷаноб, аблаҳ касест, ки ба хоки муқаддаси каси дигар пои нопоки худро гузорад!

Капитан (ду тарсакӣ зада). Даҳонатро пӯш, сагбача! (Ба ҳамроҳонаш дарахти себро ишора карда). Баред, қудрати пои нопокро нишон диҳед!

Петро. Дарахти пӯк қудрат надорад!

Капитан. Ба ҳафт авлодат бас мекунад, сагбача!

Петроро кашола мекунанд, зӯрашон намерасад. Капитан ва Хоин низ ба аскарҳо ёрӣ мерасонанд. Петроро зада-зада мебаранд.

Хоин. Қаромат кардед, ҷаноб. (Зери дарахтро нишон дода). Анбори аслиҳа, дар ҳамин ҷо. Морро дар лонааш кӯфтан беҳ.

Петро. Инро дар ҳаққи ту барин хоинҳо гуфтаанд, рӯбоҳи маккор!

Бо ишораи Капитан Петроро азоб медиҳанд. Петро онҳоро далерона аз худ дур мекунад, якеро зада аз ҳуш меравонад, аскари дигар аз қафо омада ӯро меафтонад.

Капитан (ришханд карда). Истед, ҷаноби комиссарро ором гузоред. Дам гиранд... Хӯш, комиссар, Германияи

пешина
аз 323
навбатӣ