Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа
Петро. Ғамнахӯр. Аз он ҷо ҳам тир мебаранд.
Ҳалим. Ин тавр бошад, шуд, тезтар рафтан даркор. Ҳар дақиқа ғанимат. Рафтем!
Партизанҳо мераванд. Петро ва Ҳалим болои ӯраро хаспӯш мекунанд. Петро сӯи ҷоҳ қадам мезанад.
Ҳалим. Хӯш, рафтем, рафиқ комиссар!
Петро. Ҳозир.
Ҳалим. Вақт наравад, тезтар бош!
Петро. Ту онҳоро гирифта рав, Орёл, ман ҳозир аз пасат расида меравам... Ист, Орёл, мотоциклро монда рав!
Ҳалим. Майлаш.
Ҳалим меравад, Петро хонаҳоро аз назар гузаронида, назди ҷоҳ меравад. Об кашида, нӯшиданӣ мешавад. Эсэсчӣҳо омада мемонанд. Капитан, дар паҳлӯяш Хоин, аз қафо ду аскар оҳиста-оҳиста ба Петро наздик мешаванд. Баробари онҳоро дидан сатил дар дасти Петро муаллақ мемонад.
Капитан (ба Хоин). Аблаҳ, чашмат дар куҷо буд?!
Хоин (маккорона табассум карда). Чашмбандии маълум, ҷаноби капитан.
Капитан (сарулибоси Петроро хеле синча карда, бо заҳрханда). О-о, либоси обер-лейтенантӣ ба шумо зебидааст-ку! Ба ҳар кас намезебад. Лекин ба шумо зебидааст. Ҳамту не?
Петро. Хӯш, хизмат, ҷаноби капитан?
Капитан. Ман мунтазири ҷавоби шумоям, «ҷаноби обер-лейтенант»!
Петро. Ҷавоби маро баъд мегиред, ҷаноби капитан. Ҳозир чӣ мехоҳед?
Капитан. Чӣ мехоҳам? Ҳанӯз сарфаҳм нарафтед? Шояд кушодтар гап занем?
Петро. Бо кадом тарз, ки хоҳед!
Капитан. Оҳ-ҳо, хеле ҷасур ҳастед. Ин рафторатон ба ман маъқул. «Офицери немис» бояд ҳамин тавр бошад. Лекин мундири офицериро ба наздикӣ пӯшидед, ба назарам.
Петро. Ин аҳамият надорад.
Хоин. Инҳо ҳамеша дар ду либос мегарданд, ҷаноби капитан.
Капитан. Мефаҳмам, мефаҳмам. Ба либоси мо ҳавасашон меояд.
Петро. Пичинг накунед, ҷаноб.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо