Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа
Миша-амак. Раҳмат.
Зоя (назди Ҳалим рафта). Аҳволатон чӣ тавр? (Ба Миша-амак). Чӣ хел ҷавони зебо-а?
Ҳалим. Фақат дилам месӯзад. (Хестанӣ мешавад).
Зоя. Хобед, хобед! Ҳоло ба шумо хестан барвақт.
Ҳалим. Истед, ба шумо дурусттар нигоҳ кунам. Қайҳо боз ин хел духтари зеборо надидаам. Мебахшед маро.
Миша-амак. Уҳ-хӯ, ба ту ошиқ мешудагӣ баринку. Дору фоида кардааст-дия.
Зоя. Имрӯз-фардо асп барин шуда меравад.
Миша-амак. Худаш бачаи далер барин. Номат чӣ, писарам?
Ҳалим. Ҳалимҷон. Ҳалимҷон Мардонов.
Зоя. Ҳалимҷон Мардонов? Мебахшед, акнун ба шумо номи нав медиҳем. (Каме хаёл карда). Орёл комем майлаш? Муваққатӣ, албатта. Орёли ҷангал мешаваед.
Миша-амак. Дуруст, ки шуд, албатта мефиристем.
Зоя. Ҳа, ба куҷо мерафт? Шояд корнамоиҳои нав нишон диҳад.
Ҳалмаш пухтагӣ, дар изтироб Рейман медарояд. Зоя ҳамоно мефаҳмад, ки вазъият хавфнок.
Зоя. Ҳатман ҷойро иваз кардан лозим!
Рейман. Маъқул. Шояд дар ду-се рӯз вазъият дигар шавад.
Миша-амак (бо ғазаб). Аблаҳҳо!..
Парда
Намоиши сеюм
Рӯи ҳавлии Миша-амак. Дарахти себ. Даҳ-дувоздаҳ нафар партизанҳо дар либоси аскарии немис аз зери дарахт аслиҳа мегиранд. Петро дар либоси офицери немис. Ҳалим дар паҳлӯи ӯ. Аз қафои девори ҳамсоя Ҳоин марди миёнсоли хунукбашара пинҳонӣ назорат мекунад, лабашро газидаю сар ҷунбонда, ғоиб мешавад.
Петро. Тез-тез! Бо эҳтиёт... Боз монд?
Ҳалим. Ба назарам тамом шуд. Худи ҳамин кифоя. Гирифта рафтанашро ҳам хаёл кардан даркор.
Петро. Парво накун. Мошин ҳаст-ку. Тир чӣ?
Ҳалим. Ҳа, чӣ қадар бошад, бароред.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо