Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа
Миша-амак. Худат медонӣ.
Зоя. Одами худӣ. (Ба Рейман). Аҳволи бемор чӣ тавр?
Рейман. Ҳар чӣ аз дастам омад, кардам. Акнун камтар хун гузаронидан даркор. Чӣ мешуд, ки ба беморхона барем?
Миша-амак. Чӣ? Ба духтурхона мебарӣ?! Не, фақат дар ҳамин ҷо!
Рейман. Ман илочашро меёбам.
Миша-амак. Не, ин ҷо беҳтар.
Зоя. Фикри ин кас маъқул, духтур. Баъзан аз кори таваккалӣ зарар некашад кас.
Рейман. Майлаш. Акнун аз шумо як илтимос, Зоя. Ҳар рӯз се маротиба укол кардан лозим. Худатон медонед, ман тез-тез омада наметавонам. Аз ман хавф мебаранд.
Зоя. Хунгузаронӣ чӣ мешавад?
Рейман. Бегоҳ ҳар ду киноравиро баҳона карда меоем. Дуруст?
Зоя. Маъқул.
Миша-амак. Мабодо дер накунетон?
Рейман. Хотирҷамъ бошед... (Аз роҳ гашта). Акнун аз ман шубҳа намекунед?
Миша-амак. Мебинем.
Рейман. «Мебинем?» (Ба Зоя) Дидед, маро боз месанҷанд. Ин кас одами хеле пухта. Шумо ба ман маъқул. (Меравад).
Миша-амак (аз паси ӯ). Аз ман пухтатар набудӣ дуруст-куя.
Зоя. Ин аз санҷиш гузаштагӣ, амак. Ҳамон ярадорони дирӯзаро ҳам ҳамин муолиҷа карда буд. Амалиёти дирӯзаро ҳам ҳамин хабар дода буд.
Миша-амак. Рост?
Зоя. Мақсади ба ин ҷо фиристоданам ҳам, ба шумо шинос кардан буд. Ҳоло хеле кор медиҳад ин.
Миша-амак. Хайр, бало ба пасаш. Харитаро фиристодӣ?
Зоя. Худи ҳамон рӯз.
Миша-амак. Офарин.
Зоя. «Ҷангал» хабар дод, ки шаби гузашта отряди Петро як роҳани душманро торумор карда, ду мошин лавозимоти ҳарбӣ ғанимат гирифтааст.
Миша-амак. Офарин! Ана ин хабари нағз. Ба марказ хабар додӣ?
Зоя. Ҳа.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо