Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа
Мария-хола меравад. Рейман аз ҷомадончааш ҳароратсанҷро гирифта, ба бағали Ҳалим мегузорад. Миша-амак бо диққат назорат мекунад.
М и ш а - а м а к. Духтур, ту кистӣ?
Рейман (табассум карда). Дида истодаед, ки одам ҳастам.
М и ш а - а м а к. Дида истодаам, ки одам ҳастӣ. Шояд одами дуруст ҳам бошӣ. Яъне аз кадом тоифаи одамон ҳастӣ?
Рейман (хандида). Ҳа, фаҳмидам... Ман ба ҳеҷ партия муносибат надорам. Духтури оддӣ ҳастаму халос. Лекин бародарам коммунист буд. Нацистҳо дар арафаи ҷанг ба ҳабс гирифтанд. Зану бачаҳояш ба ким-куҷо кӯчида рафтанд. Дидам, ки барои бародарам маро ҳам таъқиб мекардагӣ барин, худро ба фронт задам.
Мана, ҳозир дар назди шумоям. Фардо чӣ мешавад, Худо медонад.
М и ш а - а м а к. Аз фронт баргардӣ, чӣ кор мекардӣ?
Рейман. Баргаштанам гумон аст. Ҳанӯз ғайр аз
маҷрӯҳу мурдаҳо касе нагаштааст.
М и ш а - а м а к. Фарз кардем, ки ту зинда баргаштӣ?
Рейман. Баргардам ҳам ба Германияи нав бармегардам.
М и ш а - а м а к. Ба ин боварӣ дорӣ?
Рейман. Бале.
М и ш а - а м а к. Зану фарзанд дорӣ?
Рейман. Баъди пир шуданам, занам партофта рафт. Якто писар доштам... (чашмонашро пок карда) шунидам, ки дар рӯзҳои аввали ҷанг ҳалок гаштааст.
М и ш а - а м а к. Ту ҳам аламзада будай-ку.
Рейман. Ҳа, бародар, баъзан аз зинда буданам
ҳам пушаймон мешавам.
М и ш а - а м а к. Пушаймонӣ суд надорад. Одам ҳамеша ба оянда умед бастанаш даркор. Дар паси ҳар як шаби торик рӯзи равшан ҳаст.
Рейман. Ба як ҳисоб дуруст мегӯед, бародар.
Рейман захми Ҳалимро баста, сӯзан мекунад, аз ҷомадончааш дору бароварда ба Миша-амак медиҳад.
Аз ин дору дар ҳар ду соат яктогӣ мехӯронед. Хӯрок додан зарур. Беҳтараш мургшӯрбо. Ғайр аз ин...
Зоя медарояд.
Зоя (ба Миша-амак). Салом! Чӣ хел? Духтури фири-- стондаам маъқул?

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо