Зеҳн
Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Рейман. Метавонед паррондеҳ. Вале аввал иҷозат диҳед, маҷрӯҳро бинам.

М и ш а-а м а к. Дасти ифлосатро ба бадани аскари советӣ мерасонӣ?! Дафъ шав, аблах!

Рейман. Ман духтур, барои ман фарқ надорад.

Мария-хола. Михаил, охир инро ман овардам!
Бо илтимоси ту овардам!

М и ш а-а м а к. Корро расво кардӣ, ҳайвон!

Мария-хола. Бовар кун, ин аз вай мурдорҳо нест.
Ин ба мо ёрӣ расонида метавонад.

М и ш а-а м а к. Аз душман саховат мечӯӣ?!

Рейман. Шумо ҳақ, (Ҳалимро аз назар гузаронида). Шумо ҳақ. Дар ин рӯзҳо на ба ҳама кас бовар кардан лозим. Лекин на ҳамаи немисҳо душмананд. Немисҳои поквичдон душмани қаттоли фашизманд.

М и ш а-а м а к. Тоқати дидан надорам.

Рейман. Ман комиссари партизанҳоро муолиҷа кардаам. Хоҳ бовар кунед, хоҳ не, ихтиёр ба шумо. Ман духтур ҳастам. (Аз паҳлӯи Ҳалим хеста). Чароҳаташ хавфнок не, вале зуд хун гузаронидан даркор. Агар бовар кунед, хун ёфта биёям?

М и ш а-а м а к. Ман хун медиҳам!

Рейман. Хуни шумо кадом гурӯҳ? Медонед?

М и ш а-а м а к. Намедонам. Ба ҳар ҳол хуни пок!

Рейман. Санҷидан зарур. Вале барои ин вақт лозим. (Ба Мария-хола). Шумо метавонед ҳамон табакшӯи ошхона... номаш чӣ буд?... Ҳа, Зоя!

Мария-хола. Чӣ буд?

Рейман. Ба ин ҷо даъват кунед. Агар барои шумо хатарнок бошад, лозим не. Барои санҷиши хун ба мо ёрӣ мерасонад. Шояд худи ӯ ҳам хун диҳад. Ба ду кас хун дода буд. Ба солдатҳои ярадори советӣ, албатта.

Мария-хола (дудила шуда). Охир...

М и ш а-а м а к (китф дарҳам кашида). Ҳайронам.

Рейман. Зуд бошед, вақт наравад.

Мария-хола. Илоҷи омадан надошта бошад, чӣ
кунам?

Рейман. Ӯ ба ман боварӣ дорад. Ба ин ҷо ҳам бо маслиҳати ӯ омадаам.

Миша-амак бо тааҷҷуб менигарад.

Мария-хола. Ман гуфтани ҳастам, ки ҳамкоромаш фаҳмида монанд, чӣ мешавад?

Рейман. Аз ин ҷиҳат хотирҷамъ. Зарур шавад,
бемор шуд гуфта, справка медиҳам.

М и ш а-а м а к. Зуд бош!

пешина
аз 323
навбатӣ