Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа
Миша-амак. Далер бош, писарам. Далерон ба ҳар мушкилӣ тоқат мекунанд. (Ба Мария-хола) Боз камтар об деҳ.
Мария-хола об медиҳад.
Ҳалим. Шумо... одамони... худӣ барин.
Миша-амак. Ҳа, мо одамони худӣ.
Ҳалим. Ин хел бошад... ин хел бошад, вақтро бо ман нагузаронед. Душманро... кӯ... кӯбед, душманро!
Миша-амак (афсӯсомез). Не! Ин қаҳрамон аст! Бояд зинда монад! Хез, Мария, зуд бош! Ягон духтури дигарро ёв!
Мария-хола. Зояро гирифта меоям.
Миша-амак. Кадом Зоя?
Мария-хола. Зоя Матюшенко.
Миша-амак. Фельдшерка? Духтури калон лозим. Шояд операция кунад.
Мария-хола (ангушт ба лаб бурда). Чӣ бояд кард?.. Хайр, бо ҳамон гап занон мекунам. Худӣ вай ҳисобашро меёбад. (Меравад).
Миша-амак саросемавор рӯи аслиҳаҳоро мепӯшад, наганашро аз назар мегузаронад. «Об» гуфтани Ҳалимро шунида сӯи вай мешитобад. Об медиҳад.
Ҳалим. Раҳмат... Мабодо... Ба ҳар ҳол... дар хотир доред, падар. Ягона модарам... Акаам дар фронт. Тоҷикистон... водии Ҳисор...
Миша-амак. Тоҷикистон?..
Бошитоб Мария-хола меояд.
Мария-хола. Кор пухт. Лекин ту худатро ба канор гир. Ин кори таваккалӣ.
Миша-амак худро канор мегирад.
Мария-хола (ба фурудгоҳ ишора мекунад). Марҳамат, духтур!
Дар даст ҷомадонча, Рейман меояд. Миша-амак ӯро дида даргазаб мешаваду аз киссааш таппончаро мебарорад.
Миша-амак. Ҳа-а, аҷал кофта омадӣ?!
Рейман (дасташро бардошта). Аз ман илтимос карданд, ки ярадорро муолиҷа кунам.
Миша-амак. Ман ба ту муолиҷаро нишон медиҳам! (Парронданӣ мешавад).
Мария-хола тозон омада Рейманро мудофиа мекунад.
Мария-хола. Девона шудӣ магар?!

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо