Зеҳн
Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Мария-хола. Ту, камтар дам гир. Ман ҳозир хӯроки гарм ёфта меоям.

М и ш а-а м а к (ярадорро нишон дода). Ин мурад майлаш?

Мария-хола. Худо нигоҳ дорад. Ҳозир аз паи ин ҳам мешавам.

Ҳал им бо овози пасти ларзон «Об» мегӯяд.

М и ш а-а м а к. Ана, об гуфта истодааст. Сабил монад, ягон қатра ҳам об нест.

М а р и я-х о л а. Ман, ҳозир... (Меравад).

М и ш а-а м а к (аз паси ӯ). Эҳтиёт шав! (Ба назди ярадор рафта, болини ӯро ба тартиб оварда, синчакукон менигараду ба тамонобин). Гандумранг, чашму абрӯяш сиёҳ. Фарзанди кадом кишвар бошад, ин бечора?.. (Афсӯсомез сар ҷунбонда). Ҳозир дар чӣ хаёл бошад модари зораш?..

Дар даст чойнаку кружка Мария-хола меояд.

М а р и я-х о л а. Ҳа, ба гап даромад?

М и ш а-а м а к. Кошки ба гап медаромад.

Мария-хола. Мебахшӣ, хӯрок дертар мешавад. Ҳозир камтар чой нӯш.

М и ш а-а м а к. Аввал ба бемор деҳ.

Мария-хола. Хуб. Ҳозир.

Ҳар ду ба Ҳалим об менӯшонанд. Ҳалим чашмонашро кушода, бо ишораи сар миннатдорӣ изҳор менамояд.

Ҳал им (бо овози пасти ларзон). Ман... ман зинда ҳастам?

М а р и-х о л а. Ҳа, зинда ҳастӣ, писарам, зинда мемонӣ!

Ҳалим. Дар куҷоям?

М а р и я-х о л а. Дар хонаи худат, писарам, дар хонаи худат. Бемалол хоб кун, ҳозир духтур меояд.

Ҳалим. Лозим не. Беҳуда ташвиш накашед. Ман... Ман одам наме... шавам.

Мария-хола. Беҳуда рӯҳафтода нашав, писарам.

М и ш а-а м а к. Худро ба даст гир, писарам, сиҳат мешавӣ. Ту қаҳрамон ҳастӣ!

Ҳалим. Ба гӯшам... ба гӯшам овозҳои форам мерасанд.

М а р и-х о л а. Бале, мо дӯстони ту ҳастем.

Ҳалим. Ташаккур... Афсӯс, ки...

пешина
аз 323
навбатӣ