Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа
Петро. Фаҳмидам, падар, фаҳмидам. Хайр! (Падарро бӯсида меравад).
М и ш а-а м а к. Исто! (Писарашро ба оғӯш кашида мебӯсад). Акнун рав, писарам. Мард бош!
Петро меравад. Миша-амак назди Ҳалим меояд. Аз болиши ӯ бетоқат мешавад, сарашро сила мекунад, чойпаки тунукаро меоварад, ба Ҳалим об доданӣ мешавад, дасташ ларзида, кружкаро меафтонад. Дигар об наёфта ниҳоят дилтанг мешавад. Ҳалим. «Об» гуфта нолиш мекунад.
М и ш а-а м а к. Эҳ, аблаҳҳо!
Мария-хола нолакунон меояд.
М и ш а-а м а к (бо ҳаяҷон). Ҳа, чӣ гап?
М а р и я-х о л а. Боз... боз фоҷиа!
М и ш а-а м а к. Фоҷиа?!
М а р и я-х о л а. Духтур Абрамовскийро ба дор овехтаанд. Боз ду зани бегуноҳро. (Гирякунон). Бачаҷоншонро зинда ба зинда гӯрондаанд.
М и ш а-а м а к. Бас! (Баъди каме). Аблаҳҳо! Аблаҳҳо!! (Баъд аз фосилае). Эй, фалак, чаро ту хомӯшӣ? Чаро даррандаҳои хунхӯрро фурӯ намебарӣ? Фоҷиаро тамошо мекунӣ?! Оре, ту танҳо тамошобин ҳастӣ! Адаби ҷаллодонро бояд ман диҳам! Ман!! (Наганро аз киса бароварда берун тохтанӣ мешавад, Мария-хола аз роҳ мегардонад).
М а р и я-х о л а. Михаил Васильевич!.. Михаил Васильевич!.. Худатро дор! Худатро дор, азизам!.. Бо ин корат ҳамаро барбод медиҳӣ!
М и ш а-а м а к (каме ором шуда). Чӣ шуд ба ман, Маша? (Сарашро дошта). Ҳозир, ҳозир...
М а р и я-х о л а (ашки чашмонашро пок карда). Мебоист ман дилкаф шавам, аз ин даҳшат. Зеро ман зан ҳастам. Вале худро дошта тавонистам. Ин пуртоқатиро ба ман худи ту ёд додӣ. Ҳа, ту! Магар намегуфтӣ, ки ба ҳар даҳшат тоқат кун, ғалабаро бо мардонагӣ ба даст меоварем? Ин гапҳои туро ҳама аз ёд медонанд.
М и ш а-а м а к (сарашро бардошта, узрхоҳона). Мебахшӣ, Маша. (Сарашро молида). Монда шудаам, ба назарам... Ҳеҷ гап не,
Мария-хола. Ман ҳам ҳамин хел гумон мекунам. Ту хеле монда шудаӣ. Чӣ қадар хунат рафт. Заҳмат азоб медиҳад. Ҳеҷ гап не, ҳамаш мегузарад.
М и ш а - а м а к (дасти ярадорашро ба ҳаракат оварда). Чин намезанад, устухонаш бутун.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо