Зеҳн
Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Миша-амак. Хотирҷамъ бош, писарам, маро дошта наметавонанд. Беҳтараш аз худат эҳтиёт шав.

Петро. Мегӯянд, ки аз панҷа шумо афтодаанд. Охир...

Миша-амак. Не, маро бо осонӣ дошта наметавонанд.

Мария-хола (ҳавотиромез). Оҳистатар, оҳистатар!..

Петро. Ба ҳар ҳол эҳтиёт шарт, падар.

Миша-амак. Нотарс як бор мемурад, писарам, тарсончак сад бор!

Петро. Узр, падар.

Миша-амак (ба китфи Петро дасташро партофта, нармтар). Гапи ту ҳам ҷон дорад, писарам, эҳтиёт шарт. Арзон ҷон надодан даркор. Хуни бегуноҳон оламиёнро ба ғазаб овард. Фарвёди модарон, нолаи сағирон, ларзиши замину гиряи осмон душмани қаттоли одамизодро хоку туроб мекунад. Бобоят барои ману ту ҷон дода буд. Бигузор мо барои насли оянда ҷон диҳем. Барои кори ҳақ, барои ғалаба, барои башарият ҷон медиҳем!.. Роҳи сафед, писарам!

Нолаи маҷрӯҳ баланд мешавад, ҳар се назди ӯ мешитобанд.

Мария-хола. Аҳволаш вазнин.

Миша-амак. Рав, духтур чег зан. Аз таги замин бошад ҳам ёфта биё.

Мария-хола. Ҳозир.

Петро. Духтур? Ба ин ҷо? Ниҳоят хатарнок.

Миша-амак. Магар ҳаёти ин бечора дар хатар нест? (Ба Мария-хола). Худат чӣ хел оварданашро нағз медонӣ. Рав, хоҳари азизам!

Мария-хола. Хайр, ман рафтам. Хайр, Петроҷон, аз худат эҳтиёт шав. (Меравад).

Миша-амак (бо овози пасттар). Ин шаб чор нафар одами нав меравад. Инҳо аз аскарҳои ярадор.

Петро. Аслиҳаро аз куҷо мегирем?

Миша-амак. Аз таги дарахти себи худамон. Дар болояш катаки мург. Пасфардо фурсати кулай мешавад. Аблаҳҳо ид мекунанд. Лекин эҳтиёт шудан лозим. Андаке хато кунӣ... хайр, худат медонӣ.

Петро. Албатта.

Миша-амак (ҳавотиромез сӯи дар нигариста). Тезтар либосатро дигар кун. Ба тарафи иморати сельмаг нигар. Кабутарҳо дар парвоз бошанд, бемалол рафтан гир, писарам. Фаҳмидӣ?

пешина
аз 323
навбатӣ