Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа
Ҳасанҷон. Чӣ, тоҷикбача?! Номаш чӣ буд?!
Мария-хола (хаёл карда). Номаш... номаш... дар хотирам не. Ҳа, Орёл мегуфтанд. Номаш ба худаш муносиб буд. Эҳ, Орёл!
Ҳасанҷон. Оббо, номашро напурсида будед-дия, холаҷон.
Мария-хола. Ин дафъа ояд, номашро аниқ карда мемонам.
Сергей. Холаҷон, раҳмат ба шумо. Ба ҳамааш раҳмат.
Ҳасанҷон. Душманро торумор карда, ба зиёрати Миша-амак ва шумо меоем, хола.
Мария-хола. Албатта, биёетон. Мо чашм медорем, писаронам.
Ҳама баробар. Хайр, холаҷон!
Мария-хола. Хайр, роҳи сафед, писаронам! Гиретону нагиронетон!
Мария-хола онҳоро то дар мегуселонад. Ғурриши самолётҳо, таркиши гулӯлаҳо авҷ мегирад.
(Ба сӯи дарахти себ нигариста). Михаил Васильевич, биё шӯрбот хунук шуд!
Парда
Намоиши дуюм
Лавҳа дар рӯи парда: Як сол муқаддам.
Оҳанги маҳзуни мусиқӣ. Парда кушода мешавад. Паноҳгоҳи зеризаминӣ дар қафои хонаи Мария-хола. Заминкани на он қадар калон. Дар як тараф милтиқу автомат, пулемёти «Максим», дар тарафи дигар катҳои кӯҳна, зераш пахол.
Садои мусиқӣ тарафт паст мешавад, оҳу воҳи шахси азият кашидаистода ба гӯш мерасад. Болопӯши даромадгоҳ кушода мешавад, ду ба пардбони сезипагӣ табдил меёбад. Бо шитоб Мария-хола мефарояд, атрофро аз назар мегузаронад.
Мария-хола. Хотирҷамъ! Овардан гиретон!
Миша-амак ро дасти чапаш докапечу ба китфаш овезон. Сари Петро ҳам докапеч. Ҳар ду ярадорони вазнинро бо машаққат гирифта медароянд. Бо ёрии Мария-хола ба болон кат мехобонанд.
Миша-амак (ба Петро). Акнун ту рав, писарам. Зуд рав, вақт наравад!
Петро (илтиҷоомез). Хатар зиёдтар шуда истодааст, падар. Беҳтар мешуд ба отряд баргарбед.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо