Зеҳн
Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҳасанҷон. Қабри писараш?

Мария-хола. Ҳа, парткоми колхоз буд. Комиссари партизанҳо шуд. Мурдорҳо парронданд. Худи Михаил Васильевич бо номи дигар кас мегашт, немисҳо оқсаққоли деҳа таъин намуданд. Лекин ӯ аслан тиру аслиҳа ҷамъ карда, ба таги ҳамон себ пинҳон мекард, писараш шабона бо одамонаш омада гирифта мерафт. Мо ҳам ёрӣ мерасонидем. Дар қафои хонаи мо заминкане ҳаст. Ярадоронро пинҳонӣ муолиҷа мекардем. Баъд ба ҷангал мефиристондем.

Бараташвили (аз роғи дар ба берун нигариста). Бобо дар таги дарахти себ сукут рафта, маҳорка мекашад, бечора.

Мария-хола. Гӯри писараш дар таги ҳамон дарахти себ. Ҳеле дӯст медошт. Худаш ҳам писар набуд, гавҳар буд. Боаклу бофаросат, ниҳоят меҳрубон. О-о, доғи фарзанд пир кард, доғи фарзанд.

Ҳасанҷон. Бечора, бобо.

Мария-хола. Фрисро бинад тамом, девона мешавад. Воқеан чоҳро ба шумо нагуфт?

Ҳама баробар. Не.

Мария-хола. Ҳа, ба ҳеҷ кас намегӯяд. Фақат ман медонам. Лекин маро огоҳ кардагӣ: ба ягон кас даҳон кушоӣ, туро ҳам ҳамин хел гӯр мекунам, гуфтагӣ. Шумо ҳам аз даҳонатон набароред.— Ҳамин чоҳаш пур-пури мурда.

Сергей. Чӣ хел мурда?

Мария-хола. Дар ин хона офицерони немис мезистанд...

Дари хона боз шуда, аскаре меояду гапи хола бурида мешавад.

Аскар. Зуд ба ҷои таъин шуда ҳозир шаветон! Тезтар! (Меравад).

Аскарҳо саросема рафтани мешаванд. Мария-хола ба шитоб берун меравад ва зуд бармегардад.

Мария-хола. Афсӯс, ки рафтааст-дия.

Бараташвили. Кӣ рафтааст, хола?

Мария-хола. Ҳамон аскар.

Сергей. Чӣ кор доштед?

Мария-хола. Михаил Васильевич як писархонд дошт. Ман гумон кардаам, ки ин ҳамон бача.

Бараташвили. Чӣ хел бача, хола?

Мария-хола. Хе-е, аҷоиб писар буд-дия. Аз майдони ҷанг ниммурда ёфта буд. Тоҷикбача буд.

пешина
аз 323
навбатӣ