Зеҳн
Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Миша-амак вазнин-вазнин қадам монда, ба ҷойгаҳаш омада, рӯ ба осмон мехобад, тамоку мекашад. Ҳасанҷон об меоварад. Чой мемонад. Анзор ҷорӯб гирифта, хона мерӯбад. Дар даст кастрюл Мария-хола меояд.

Мария-хола. Салом! (Кастрюлро ба рӯи стол монда). Михаил Васильевич, ту зиндай?

Миша-амак. Ҳа, ту ба ҷаноза омада будӣ? Афсӯс, ки зиндаам. Аблаҳ!

Мария-хола. Гапҳои бӯйнокатро партою ин ҷо биё, карамшӯрбо овардам, ба ҷони ғаниматат хӯрда гир.

Миша-амак. Ошат саратро хӯрад! Аблаҳҳо!

Мария-хола. Аз мурда чӣ фарқ дорам гӯй-а. (Аз даҳлез коса оварда хӯрок мекашад). Дар ин деҳа ҳар дуи мо мондем. Яке мурд, яке рафт, аз дасташон кор меомадаҳо фашистҳо гирифта бурданд. Ҳар дам ғанимат. Ман тез-тез меоям. Ин пири якрав маро хабар намегирад. Ту зиндай ё мурда гуфта намепурсад. Умуман, мардҳо сангдил мешаванд.

Миша-амак (бо ҷаҳл нимхез шуда). Ҳой, ту аблаҳ чӣҳо гуфта истодӣ?!

Мария-хола. Хабар намегирад мегӯям-дия, чӣ мегуфтам.

Миша-амак. Дафъ шав, аблаҳ!

Мария-хола (дилсӯзона). Охир, аз аҳволи ҳамдигарамон худамон хабар нагирем, кӣ хабар мегирад? (Ба аскарҳо бо овози паст). Ба ин бечора ҳам душвор. Духтари ягонаи ман ба ҷангал рафт. Аммо аз авлоди ин, бечора, касе намонд. (Гиря мекунад).

Миша-амак аз ҷояш хеста, маҳоркакашон меравад.

Ҳасанҷон. Оббо-о-о...

Мария-хола. Ист, камтар аз ин шӯрбо хӯр! Охир, се рӯз ин ҷониб ҳеҷ чиз нахӯрдаӣ. Биё, мегӯям, ман барои ту пухтам!

Миша-амак эътиборе надода меравад.

Мария-хола (сар ҷунбонда). Аҳволаш ҳамин. Илоҳо ба сари ҳеҷ кас нафарояд. (Ба аскарҳо яккосагӣ хӯрок додаю барои Миша-амак ҳам як коса гирифта мемонад). Хайр, сониян мехӯрад.

Сергей. Бобо рафт, ба назарам.

Мария-хола. Девона барин шуда мондагӣ. Хӯрок ҳам намехӯрад. Эҳтимол, ба сари қабри писараш рафта бошад. Шабҳо рафта маҳорка кашида мешинад.

пешина
аз 323
навбатӣ