Зеҳн
Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҳасанҷон (ба Анзор лаб газида, бо ангушташ ишораи «Калла`дорӣ?»-ро карда ва аз борхалтааш маҳорка гирифта). Мана, бобо, аз они худамон. Ҳақиқатан хуштамъ.

Миша-амак ба Ҳасанҷон табассум мекунад, маҳоркаро гирифта, сигарет мелеҷонад, пачкаро ба соҳибаш мегардонад.

Гиред, бобо, ҳамаш ба шумо. (Боз як пачкаи дигар дода). Инашро ҳам гиред. Ман боз дорам.

Сергей ва Анзор ҳам якпачкагӣ маҳорка медиҳанд. Миша-амак як-як ба онҳо нигариста, каме хаёл мекунаду мегирад. Маҳорка мекашад. Боқиимондаи маҳоркаро ба рӯймолча печонда, ба зери болшаш пинҳон мекунад. Омада рӯи мизро тоза кардани мешавад, ин корро зуд Анзор ба ҷо меорад. Мӯйсафед ба даҳлез рафта, чой монданӣ мешавад. Ғурриши самолётҳо, таркиши гулӯлаҳо ба гӯш мерасанд.

Миша-амак (ба сӯи дар хашмгинона нигариста). Аблаҳҳо! Парто! Чӣ қадар тавонӣ, парто!

Сергей. Боз ба куҷои ин ҷо мепартоянд, мурдорҳо?!

Бараташвили. Иблис магар ақл дорад?

Ҳасанҷон. «Осмон тира шавад, душман хира шавад», гуфтаанд. Лекин тушбераро хом шумурдаанд.

Бараташвили. Мебинем, аҳволи худашон чӣ мешавад.

Миша-амак (сатилро бардошта, ба чойник об андохтанӣ мешавад, аз набудани об даргазаб шуда, сатилро бо лагад мезанад). Аблаҳҳо!

Ҳасанҷон (сатилро гирифта). Ман об мебиёрам, бобо. Ҳо, вай сатилро ҳам диҳед ба ман.

Миша-амак. Ту ҷон обро намедонӣ.

Ҳасанҷон. Аз ҷоҳ мебиёрам.

Миша-амак. Ин ҷоҳ об надорад... Аблаҳҳо!

Ҳасанҷон. Ҷоҳатонро тоза карда диҳам, бобо? Ман ҷоҳкоби зӯр.

Миша-амак ҷавоб надода, табассум мекунад.

Ман ҷоҳи бисёр кофтаам. Агар розӣ бошед, дар ним соат ҷоҳатонро тоза карда медиҳам.

Миша-амак (даст афшонда). Ҳаром! Абадӣ ҳаром! Мефаҳмӣ?!

Ҳасанҷон. Хайр, ман аз ҷоҳи дигар меоварам, бобоҷон. (Меравад).

пешина
аз 323
навбатӣ