Зеҳн
Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҳар се як қад парида аз ҷой мехезанд. Зуд даст ба ҷакка мебаранд. Бараташвили пойлоба дар даст, ба як пой мӯза, дун онҳо сарлуч.

(Хандида). Шинед, шинед! Ман ҳазл кардам. Чаро ба хона намедароед? Соҳиби хона якчанд бор таклиф кардам мегӯяд-ку?

Б а р а т а ш в и л и. Охир, аз қошу қавоқаш барфу борон меборад-ку.

Сергей. Гур-гур мекунад, чӣ гуфтанашро кас намедонад.

Б а р а т а ш в и л и. Афташро дида, одам метарсад.

Майор. Ба афташ аҳамият надиҳед. Одами нағз, фақат серғапиро дӯст намедорад. Чӣ илоҷ? Ҷанг ба ҳамин аҳвол гирифтор кардааст. Мардак хеле асабӣ шудагӣ.

Ҳ а с а н ҷ о н. Рост. «Ранг бину ҳол пурс», гуфтаанд.

Майор. Канӣ, лашу лушатонро бардоред, медароем. Ман шинос мекунам.

Ҳама медароянд. Саҳна чарх мезанад. Даруни хонаи Миша-амак. Ӯ дар як кунҷ, дар кати кӯҳна сукут карда нишастааст. Дар миёни хона столи кӯҳна, дар атрофаш курсӣҳо. Дар даҳлез сатил, чойнаки тунука, се-чор коса ва ғайраҳо.

Майор (дасти ларзони пирамардро фишурда). Михаил Васильевич, ба шумо ҳамроҳҳои нав овардам. Инҳо аз қисми мо. Шуморо хафа намекунанд. Мебахшед, акнун ман меравам. Ба шумо ташаккур, зинда баргардам, албатта ба зиёрати шумо меоям.

М и ш а-а м а к. Шояд қабрамро зиёрат кунӣ.

Майор. Рӯҳафтода нашавед, Михаил Васильевич. Шумо умри дароз мебинед. (Ба аскарҳо). Ин касро тамоми деҳа Миша-амак мегӯянд. Ҳама ҳурмат мекунад. Аминам, ки наслҳои оянда низ ҳурмат мекунанд.

М и ш а-а м а к (рӯяшро тофта). Лозим не... Аблаҳҳо!

Майор. Хайр, Михаил Васильевич! Хайр, дӯстон!

Майор меравад. Миша-амак аз кисааш тамокуҳалтаашро бароварда, махорка печонданӣ мешавад, ҳалтачаро афшонда, аз набудани махорка табъаш хира мешавад.

М и ш а-а м а к. Аблаҳҳо!

Бараташвили. Ҳозир, бобо! (Аз қиса сигарет бароварда). Марҳамат, бобо, ғаниматӣ!

М и ш а-а м а к (хашмгин шуда). Ҳӯдат каш!.. Аблаҳҳо!

пешина
аз 323
навбатӣ