Зеҳн
Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

марг нест. Як камон сад тирро бар хок пинҳон мекунад».
Миша-амак (хашминона бо забони украинӣ).
Захотти хату!
Сергей (сарфаҳм нарафта). Мебахшед, бобоҷон, мо худсарона...
Миша-амак. Захотти хату!.. Не чуете? (Китф дарҳам кашида меравад).
Бараташвили. Затвор гуфт ё за двор? Ба ҳар ҳол ҳақорат кард, мурдор.
Ҳасанҷон. Оҷата об барад, шояд гапи нағз гуфта бошад?
Сергей. Ба назарам, ба хона дароятон гуфт.

Миша-амак дар як даст сатили хокрӯбаю дар дасти дигар алавгирак мебарояд. Ба сӯе монда, боз меояд.

Миша-амак. Вам говорю захотти хату!.. Бачете, не бачете?! Тьфу!.. (Дари хонаашро бо ҷаҳл пӯшида меравад).
Бараташвили. Ҳозир ҷорӯбро бароварда, зада ҳай мекунад.
Сергей. Не-е.
Бараташвили. Мебинӣ-дия.
Ҳасанҷон (дегҷаро бардошта). И-е чой нест-ку!
Чӣ кор мекунем. Анзор? Ту шоҳи чой, ҳисобашро ёб.
Бараташвили (ба борхалға даст зада). Исто!
(Ба кружка каме шакар андохта рӯи алав гузошта). Ба мурдан клоч нест мегӯянд, додарам. Камтар шакар ё қандро зирбонӣ, ҷон фамил мешавад. Аз мавиз ҳам мешавад. Аз барги бодом ҷон кабуд сохтан мумкин.

Қиёми шакарро ба кружкаҳо андохта, оби ҷӯш рехта менӯшанд.

Сергей. Арвоҳ занад, чой Цейлон барин-ку.
Ҳасанҷон. Нонро намегӯӣ, аз танӯр кандагӣ барин.
Бараташвили. Сиҳат-саломат аз ҷанг баргардам. (Ҳасанҷонро нишон дода) Ба ин як вагон ҷон кабуд мефиристонам, ин ба ман қоқи Хуҷанд мефиристад. Ба ту, Сергей, як вагон чой фамил. Ту ба ман пальтои моҳут мефиристӣ. Розӣ ҳастӣ?
Сергей. Албатта!

Ҳасанҷону Сергей ба ҳам такя карда мехобанд. Бараташвили ба пояш пойтоба печонда истода, замзама мекунад.
Аз хона Майор мебарояд.

Майор (бо ҳазл). Встать!!!

пешина
аз 323
навбатӣ