Зеҳн
Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Борхалтаҳоро ба паҳлӯ, аслиҳаро ба як сӯ монда, гулхан дармегиронанд. Алави гулхан баланд мешавад. Ба атрофаш нишаста, дастуҳояшонро гарм мекунанд, пойтобашонро ба алангҳои гулхан медоранд.

Бараташвили. Ҳозир якто барраи фарбеҳакак бошаду кабоби кавкази пазем. Ана баъд бо нимта аракчон, а, лаббай?

Ҳасанҷон. Гире, хунук нашавад!
Механданд.

Сергей. Арвоҳ занад, гӯсфанд не, худи нимта бошад ҳам майлаш.

Ҳасанҷон. «Зикри айш нисфи айш», гуфтаанд. Медонӣ чӣ бошад? Меҳмонхонаи мо бошад. Дар болои сандалӣ як табақ қазипалав бошад (Бо ҳаракати даст нишон дода) Ана ин хел карда, гуппа зада, пакқоий. Сонӣ як чойчаяи кабӯди талх бошад, нӯшию якпаҳлӯ занӣ... А, лаббай?

Сергей. Ана баъд, арвоҳ занад, ба Сибир равему ҳар се, ба аробаи сеаспа «тройка» савор шуда, сайругашт кунем.

Бараташвили. Аз ҳамон ҷо рост ба Кавказ равем!

Ҳасанҷон. Не, ба Тоҷикистон!

Бараташвили. Хайр, аспҳоро зин кунед, дер нашавад! Самогону шпекро ҳам фаромӯш накунед!
Ҳар се механданд.

Ҳасанҷон. Насзяро монда, аввал нақдашро гӯед.

Бараташвили (аз борхалтааш буҳанкаи нонро гирифта истода). Агар нақдаш даркор бошад, мана ин нонро чӣ хел реза мекунем? Санг барин шудааст, ҷонвар. (Белҷаро гирифта). Бо ин шикаста мешавад бошад?

Сергей. Мешавад! (Аз паҳлӯяш ду сими ғафсро гирифтаю рӯи алав гузошта). Нонро болои ин гузор. Аз ях мефарояд, гарм ҳам мешавад. Баъд белҷаат ҳам даркор намешавад.

Ҳасанҷон аз борхалтааш як куттӣ консерва гирифта, болои лахча мегузорад. Дар даст сатил Мишаамак меояд.

Бараташвили. Ана, деви ҳафтсар омада истодааст. Ҳозир биннаш ба замин мерасад.

Ҳасанҷон. «Қомати ҳамгаштаи пирон нишони

пешина
аз 323
навбатӣ