Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа
М и ш а-а м а к. Аблаҳҳо! (Меравад).
Ҳасанҷон. Нигоҳ кун! (Ба Миша-амак ишора карда). Ба мурдан дасташ намерасад. Базӯр бо биннаяш замин хат кашида меравад.
Сергей. Кӣ медонад, арвох занад, ҳозир ба одам бовар карда намешавад.
Бараташвили. Аз одами хаппак тарсидан даркор.
Ҳасанҷон. «Аз гунҷишк тарсӣ арзан накор», гуфтаанд.
Бараташвили (шӯхиомез). Ман метарсам? Хоббатро ба об гӯй. Ман набудам, дар ҷанги якум ҳаром мемурди. Фаромӯш кардӣ?.. Медонӣ, мӯйсафед чӣ гуфт?
Ҳасанҷон. Чӣ гуфт?
Бараташвили. «Аблаҳҳо» гуфт. Мо аблаҳ бошем, вай чӣ?.. Ин аз хоинҳо бошад даркор. Шояд фриҷҳо багалашро аз чормағзи пуч пур карда, ба зери қаноташ об пуф кардаанд.
Сергей. Арвох занад, чӣ гуфтанашро ҳам намедонад кас.
Бараташвили. Ман бовар намекунам. Хонааш аз сараш монад.
Ҳасанҷон. Хайр, чӣ мегуфтем. Лекин фаромӯш накунед, ки гӯсфанд аз рама монад гург мехӯрад.
Сергей (ҳазломез ба китфи Бараташвили зада). Арвох занад! Боз ин кас ҳазор фриҷро аз дами шамшер мегузаронидаанд. Балоя!
Бараташвили. Чӣ, бовар намекунӣ? Хайр, худат гӯй, сари чандтоашро буридам? А, чандтоашро?
Ҳасанҷон. Ба инаш қоил шудан даркор, Сергей Иванович. Махсусан ду офицерашро ниҳоят боб кард. Иму ҷим (гӯлӯяшро ишора карда) мана ҳамту, ту дидию ман надидам карду монд.
Онҳо сӯи хонаи нимсӯхта мераванд ва хонаро бо шубҳа аз назар мегузаронанд. Ҳасанҷон назди чоҳ меравад.
Чоҳи калон будааст. Очаша об барад, об дошта бошад?
Бараташвили. Кӣ медонад? (Ба айвон рафта). Ин ҷо биёед, ҷӯраҳо. Мана дар ин ҷо гулхан месозем, мазза карда кайф мекунем. Чӣ гуфтетон?
Ҳасанҷон. Ба савобаш кӣ мерасад? Гулхан-хузури ҷон-ку.
Бараташвили. Сергей, ту ҳо аз ҳамон тахтапораҳо биёр. Ту, Ҳасан, хишт ёб, ман ҷой тайёр мекунам.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо