Зеҳн
Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Бараташвили. «Аввал таом, баъд калом» гуфтаанд. Биёед чой тайёр кунем.

Ҳасанҷон (хонаи вайронаро нишон дода). Ҳо, ба ҳамон ҷо равем?

Сергей. Боз ягон нағма карда нарафта бошанд?

Ҳасанҷон. Кӣ медонад, эҳтиёт нисфи ҳаёт гуфтаанд, додарам.

Бараташвили. Ман рафта хабар гирам?

Сергей. Исто, ман меравам.

Ҳасанҷон. Очаша об барад, ҳамаамон меравем. Аз мӯрча ҳам шер гурехтааст.

Бараташвили (ҳазломез). Шояд ягон оимча ҳам бошад?

Сергей. Оббо, арвоҳ занад-е, хушат оимча-я.

Аз як гӯша мӯйсафеди қоматҳамида Миша-амак пайдо мешавад. Ба гапи аскарҳо хашмгинона гӯш мекунад.

Бараташвили. Бошад, ту ҳам не намегуфтӣ-куя.

Сергей (хандида). Рост, не намегуфтам.

Ҳасанҷон. Очатона об барад, ҳозир вақти оимбозӣ не. Дам гирифта боз ҷанг кардан даркор, фаҳми-дед?

Бараташвили. Оҳҳо, лабпоккунӣ-ку!

Ҳасанҷон. Ба ман ҳозир як гулханча бошаду, очаша об барад, пайтобаҳоро хушк кунам, баъд як пиёла чой нӯшам. Фаҳмидӣ?

Бараташвили. Агар ҳамон оимча гӯяд, ки гулхан ҳам ҳаст, чой ҳам. Чӣ мекардӣ?

Сергей. Чӣ мекард? Арвоҳ занад, мурдаашро партофта мехобид.

Ҳасанҷон. Очатона об барад, ҳамаро бо худатон баробар накунед. Ман ҳам йигит. Лекин ҳар кор вақту соат дорад.

Сергей. Арвоҳ занад, ба як ҳисоб гапи ту ҳам маъқул. Рафтем!

Миша-амак. Ҳой, куҷо меравӣ? (Хонаи дар рӯ ба рӯ бударо ишора карда). Ба ин сӯ!.. Ба куҷо рафтанатанро ҳам намедонед. Аблаҳҳо! (Дуртар рафта боз ба қафояш менигарад). Аблаҳҳо!

Бараташвили. Ин мӯйсафед девона барин.

Сергей. Не-е.

Бараташвили. Чашмонашро надидӣ? Гӯё оташак мепарранд. Аз қавоқаш барфу борон меборад. Боз ягон нағмаи хунук накунад?

Ҳасанҷон. Обро нанӯшида шӯр нагӯй, додарам.

Бараташвили. Мебинием-дия!

пешина
аз 323
навбатӣ