Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа
ДИЛИ ОЗУРДА
Пйеса иборат аз панҷ намоиш
ИШТИРОККУНАНДАГОН:
Миша-амак (Михаил Васильевич Сабо), 55—60 сола.
Петро — писари Миша-амак, 25-сола.
Мария-хола — ҳамсояи Миша-амак, 50—55-сола.
Зоя Матюшенко — фельдшер, 22—23-сола.
Ҳасанҷон — аскари қаторӣ, 25-сола.
Ҳалим — додари Ҳасанҷон, 20-сола.
Сергей — сержант, 23-сола.
Бараташвили — аскари қаторӣ, 21-сола.
Рейман — духтури ҳарбии немис, 50—55-сола.
Партизанҳо, аскарону офицерони советӣ. Хоин, офицерони немис.
Воқеа дар яке аз деҳоти Украина мегузарад.
Намоиши якум
Деҳаи хароб. Дар ҷо-ҷо хонаҳои вайрона. Дар зери барф танку тӯпҳои вайрона, мошинҳои нимсӯхта, фургонҳои малак, мурдаҳои варамидаи аспҳо мехобанд. Аз дур хонае ба назар мерасад, ки бомаш сӯхтааст, хонаи паҳлӯяш ба хонаи мазкур айвон барин шудааст. Тирандозии дутарафа ва таркиши гулӯлаҳо оҳиста-оҳиста хомӯш мешавад. Аскарони хастахол меоянд. Ҳама ба ҳар тараф мераванд. Аз байни онҳо Ҳасанҷон, Сергей, Бараташвили ҷои дамгирӣ меҷӯянд.
Ҳасанҷон (сар ҷунбонда). Ҳайфи деҳа! Сад афсӯс! Ба қабристон табдил додаанд-а!
Бараташвили. Аз қабристон ҳам бадтар.
Сергей. Мурдорҳо барои худашон гӯрковиро машқ мекунанд. Фаромӯш мекунанд, ки чоҳкан зери чоҳ мешавад!
Ҳасанҷон. Магар дар шаҳри худ гӯр кофта наметавонанд?
Сергей. Дар ватани худашон ҷои бегӯр намонда бошад-чӣ?
Ҳасанҷон. Очаша об барад, то Берлин зинда мемондам, онаи зорашонро нишон медодам-дия.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо