Зеҳн
Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ярадорони вазнинро ба шаҳри дигар фиристоданд.

Шаҳри Магнитогорск. Хеле беҳтар шудам. Ҳамшираи тиб ба ҳаммом бурд. Бе ёрии ӯ оббозӣ кардаӣ шудам, афтидам. Аз ҳуш рафтам. Боз худро дар столи чарроҳӣ дидам. Поямро боз панҷ-шаш сантиметр буриданд. Аз ин рӯ боз ду моҳ зиёдтар хобидам. Охири моҳи май соли 1943 ба Ленинобод баргаштам. Ду моҳ дам гирифтам. Муҳаррири газетаи вилоятӣ таъин шудам. Боз шабзиндадории пештара сар шуд.

Замони ҷанг, шароити редаксия ниҳоят вазнин. Гуруснаю ташна шабу рӯз бо ду асобағас рост истода, заҳмат кашидан лозим. Ҳеҷ гап не, ба ҳар ҳол аз душвориҳои фронт бадтар нест. Албатта, бехобӣ, гуруснагӣ, ғаму ғуссаи ақибгоҳ аз азоби фронт бадтар барин мерасад ба назари кас. Лекин дар ақибгоҳ мегирянд, руҳан азоб мекашанд, аз гӯшт мефароянду зинда мемонанд. Дар фронт бошад, дар ҳар сония марг таҳдид мекунад.

Газетаи вилоятӣ «Стахановчӣ» ном дошт. Дар ҳаҷми газетаи районӣ мебаромад. Ходимони ботаҷриба асосан дар фронт буданд. Аз таҷрибадорон фақат Эргаш Мӯҳсинзода кор мекард. Нависанда Раҳим Ҷалил асосан мудири шӯъбаи санъати вилоят шуда кор мекард. Лекин ба кори редаксия ҳам ёрӣ мерасонд. Муҳаррамҷон Шокирова ва Ҳафизаҳон Наимова, Шарафнисо Муҳаммадҷонова, Сатторова ва дигарон ходимони асосии редаксия буданд. Ҳафта-ҳафта аз идора намерафтанд.

Чароғ нест, кор дастӣ. Матбаа кадри дуруст надошт. Ба замми ин қувваи электрикӣ набуд. Фақат баъзан мешуд. Дар цехҳо бо чароғи дастӣ кор мекарданд, машинаҳои чопӣ гоҳ-гоҳ бо қувваи электрикӣ кор мекард. Дигар вақт се-чор газетай бастагӣ мунтазири қувва меистод. Рӯзе ман гуфтам, ки чаро машинаи «Американка»-ро бо даст чарх занондан мумкин не. Худам як поя бо як асо (дигарашро ба сӯе монда) чарх занондан гирифтам. Баъд духтарон Муҳаррамҷону Ҳафизаҳон пайравӣ карданд. Нависанда Раҳим Ҷалил ҳам аз «савоб» дур намонданд. Ҳамин тариқ минбаъд мошинро бо даст чарх занонда, газетай мебаровардагӣ шудем. Албатта, ба ин кор мардикор гирифта будем. Худро хушбахт меҳисобидем, ки бо азоб бошад ҳам, газеται ҳамонрӯзаро ба хонанда мерасонидем.

пешина
аз 323
навбатӣ