Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа
омад, вале тир хӯрду дар паҳлуям мурд. Баъд аз панҷ ё даҳ дақиқа мумкин барф маро гӯронад. Охирин маротиба фарёд кардам. Автоматчии пайдо шуд. Илтимос кардам. Ба штаб хабар дод. Маро гирифта рафтанд. Паҳолии болон фургон дар хотирам ҳаст. Хушҳёр шавам, ки дар болои столи ҷарроҳӣ хобидаам. Поямро буриданд.
Госпитали саҳроӣ. Дар носилка мехобидем. Ҳис кардам, ки пои ростам намеҷунбад. Фарёд кардам. Духтурон бонги изтироб бардоштанд. Ҳамоно ба палатаи худ бурда, валенкаро бо қайчӣ бурида-бурида гирифтанд. Дарунаш пур аз хун. Шаш тири автомат баромад. Духтурон хурсанд шуданд, ки дар давоми чанд рӯз хавфе пайдо накардааст. Шояд хунуки сахт сабаб шуда бошад. Ҳафт рӯз мунтазири поезди санитарӣ шудем. Фашистон ҳар рӯз бомбаборон мекарданд. Як бораш ниҳоят даҳшатангез буд. Ҳайронам, ки чӣ хел зинда мондам.
Шаби 31 декабр. Вагони санитарӣ. Соли навро пешвоз мегирем. Хӯроки идона. Панҷоҳграммӣ спиртро ба об ҳамроҳ карда доданд. Аз истгоҳе артистон баромада, то истгоҳи дигар базм оростанд.
5 январи соли 1943. Аҷиб, боз ба шаҳри Пенза омадаам. Боз ҳамон госпиталь. Носилкаи маро сардор ва комиссари госпиталь бардошта, ба дарун дароварданд, ба палата ва кати аввалаам хобонданд. Зеро ман ягона ярадоре будаам, ки ба ин госпиталь бори дуюм омадаам.
Овоза шуд, ки қисми одамонро ба Тошканд мефиристанд. Ман тавалло кардам, ки маро низ ба Тошканд фиристанд. Онҳо илтимос карданд, ки «шумо барои мо азизу мӯътабар ҳисоб меёбед, шахсе, ки бори дуюм ба госпитали мо омадед, худи мо нағзакак муолиҷа карда, ба хонаатон бурда мемонем. Шумо ба таърихи госпитали мо зарур». Ман якраВ кардам. Аслаш ин хатои калони ман буд,
Ба поезд савор карданд. Каме роҳ гашту истода монд. Се рӯз андармон истода, поездро чаппа гардонданд. Гуфтанд, ки ба тарафи Тошканд роҳ банд. Моро ба госпитали шаҳри Челябинск бурданд.
Госпитали шаҳри Челябинск. Ночунбон мехобам. Дар рӯ ба рӯям шахси миёнақади камгӯште мехобид. Бечора аз ду пой маҳрум шудааст. Фаҳмам, бародари рассоми тоҷик Хошмуҳаммадов будааст. Соҳиби тамокуҳалтае, ки дар фронти Сталинград тӯҳфа гирифта будам, дар ҳамин шаҳр будааст. Дар ин ҷо дер наистодем.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо