Зеҳн
Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

рафтааст. Ҳар дуи онҳоро ба артполк ба кор таъин карданд. Ман ба полки тирандозӣ, чун политруки ротаи пулемётӣ.

Дар ҳар даҳ-дувоздаҳ рӯз, баъзан рӯз дар миён, ҷӯраҳо вомехӯрдем. Ҳар хел маҷлису ҷамъомадҳо шуда меистод. Аз вақт фоида бурда, сӯҳбат карда мегирифтем. Ба ҳамдигар адрес додем. Ба касе ягон воқеае шавад, ба оилааш мебоист хабар расонад.

Ноябри соли чилу ду. Ба фронти Сталинград равон гаштем. 19 ноябр рӯзи фаромӯшнашаванда. Субҳ. Хӯроки гарм хӯрдем, садта-садта кардем. Фармони командадиҳии фронт — Рокоссовский, Воронов ва Телегинро зуд ба ҳамаи ҷанговарон расондем. Тайёрии артиллерия сар шуд. Бори аввал ҳис кардам, ки замин чун каҷова меҷунбид. Нидои ҳуҷуми генералӣ оғоз ёфт!

Тахминан ягон ҳафта гузашта буд. Одам чанд рӯз хоб накарда, дар назди дуди гулхан шинад, чашмаш чунон дард мекардааст, ки мондан гиред. Мо панҷ рӯз нахобида будем. Чашмам ниҳоят дард кард, ки кушода наметавонистам. Хеле азоб кашидам.

Айнан дар ҳамин фурсатҳо як расчёти пулемётии мо қафо монд. Маҷбур шудам, ки худам қафо равам. Кофта, ёфтам. Дуяшон ярадор шудаанд. Ҳамроҳ гирифта баргаштам. Дар роҳ, дар назди лаби Дон бо духтур Абдусаттор Нурматов вохӯрдам. Командири ротаи санитарӣ буд. Чашмамро дору кард. Барои хотира як ҷой андохта, ҳамроҳ хобидем. Субҳи барвақт ба хатти якум расида рафтем.

Баъди чор рӯз ба дамгирӣ баромадем. Нурматовро кофтуков кардам. Гуфтанд, ки аз як пояш маҳрум гашта, ба госпитап рафт. Ба ҳар ҳол зинда будааст. Абдукаримро наёфтам. Дар хатти якум будааст.

20 декабр. Командири ротаро ба дигар кор гирифтанд. Вазифаи ӯ ҳам ба зиммаи ман монд.

13 декабр. Ҳангоми ҳуҷум ба баландӣ аз пои ростам тир хӯрдам. Барои чӣ буд, ки парвое надоштам... Фурсате нагузашта монандӣ овози ҳар садои бадҳайбати снарядҳои миномёти шашмилай вазнини фрицҳо баланд шуд. Ба ҷоям нишаста монданамро медонам. Ҳамроҳи дар паҳлӯям буда тамоман нест шуд. Ҷанговарон урагӯён пеш рафтанд. Танҳо мондам. Барф меборид, тирборон барин меборид. Торик ҳам мешуд. Гавак кашида, чанд қадам қафо рафтам. Дигар ҳолатам намонд. Бо се забон «ёрӣ диҳед!» — гӯён фарёд мекардам. Касе

пешина
аз 323
навбатӣ