Зеҳн
Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Миёнаҳои моҳи март. Аз ПТР имтиҳон медодем. Панҷ тир холии кардаму ҷаста аз ҷой хестам. Касе раҳ- мат гуфту ба китфам тап-тап зада монд. Бинам, марди қоматбаланду фирӯзачашми малламӯй. Дар паҳлуяш сардори курс ва шахсони дигар. Баъд фаҳмидам, ки ӯ генерал-полковник Рокоссовский будааст.

Барои хизмат ба армияи бисту якум рафтем. Фронти Дон мегуфтаанд. Рокоссовский командадеҳ буд. Полит- руки рота шудам. Бори дуюм (дар ҷанги Изюм-Барвен- ко) ярадор шудам. Ин навбат сахттар. Аз китф тир хӯр- дам. Ҳангоми ба медсанбат рафта истодан ба зери бом- баборон мондам. Маро аз зери хок кашола карда гириф- таанд. Сарам кафида, ба чанд ҷой баданам оҳанпораҳо расиданд. Ду моҳ бекому безабон шудам.

Госпитали шаҳрчаи Боровико. Ҳамагӣ даҳ-дувоздаҳ рӯз хобидем. Зуд шаҳрро холии кунед гуфтаанд. Ба шаҳ- ри Балашов фиристоданд. Аз он ҷо ба госпитали шаҳ- ри Пенза роҳӣ намуданд. Як кӯчаи ин шаҳр ба кӯчаи асосии ноҳияи Нов монандӣ дошт.

Дар Пенза шифо ёфта, роҳи шаҳри точиншударо пеш гирифтам. Ҳамроҳи лейтеманти калон Баришов бо ре- зерви Саркомандадеҳии Олӣ рафтем. Дар истгоҳи роҳи оҳан як рӯз мондем. Дар вокзал Абдуғанӣ ном собиқ ходими Совети қишлоқи Ёваро дидам. Барои нишона ба модарам як кулча собуну каме қанди сафед фиристо- дам. Абдуғанӣ ваъда дод, ки албатта нишонаи салома- тии маро ба модарам мерасонад. Дар перрони вокзал рӯзи дигар як шахси чакмани сурху тоқии Исфара пӯ- шидаро дида, аз пасаш давидам. Вакилони халқи то- ҷик ба фронти Ленинград тӯҳфаҳо мебурдаанд. Раиси Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон Мунаввар Шоғадоев роҳбар будааст. Маро таклиф карданд. Ба вагон рафтам. Дӯсти деринаам нависанда Деҳотӣ, дух- тари машҳур Мамлакат Наҳангова ва дигарон буданд. Маро зиёфат карданд, тӯҳфаҳо доданд. Деҳотӣ маро то вагонам бурд. Нимта виноро бо ҳам дидем. Маро гу- сел кард, гирист, ман ҳам гиристам.

Ҳаждаҳ рӯз дар резерв будем. Аз бекорӣ ҳар рӯз ба қабристон рафта, машқ мекардем, дам мегирифтем. Даҳ касро ба шаҳри дигар фиристоданд. Дар роҳ дар трамвай бо Абдукарим Дадобоев дучор шудам. Ялдигар- ро ба оғӯш кашида, бӯсобӯс кардем. Ҳама ҳайрон. Як ҳафта дар инҷо истодем. Ҳар дуямонро ба шаҳри дигар ба кор фиристоданд. Аз штаб мебаромадем. Бо духтур Абдусаттор Нурматов дучор шудем. Ӯ аз Сталинобод

пешина
аз 323
навбатӣ