Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа
баланд. Пиёда меравем. Ба ҳар кас дутогӣ сангча доданд. Якеро ба зери забон мемонем, дигараро захира нигоҳ медорем. Бо ин азоби ташнагӣ намекашидааст кас. Дар фляга об ҳаст, лекин барои чайқонидани гулӯ. Нӯшидан мумкин не.
Хизмати махсусро аъло ба ҷо овардем. Моро зиёфат карданд. Ба пароход савор шудем. Бори аввал, дар болои пароход, колбасаи гӯшти хукин хӯрдем.
Охири январи соли 1942. Мо дар толори театри мазҳакавӣ-мусиқавии шаҳри Боку. Ҳар рӯз артистони машҳури Озарбойҷон ба мо консерт нишон медиҳанд. Ҳофизи номӣ Булбул Мамедов ду маротиба моро бо сурудҳои дилҳароши худ хушнуд гардонд.
Мо боз дар вагонҳои сурх. Сӯи фронт меравем. Чор рӯз аст, ки дар роҳем. Фронт эшелони моро қабул намекунад. Роҳ банд будааст. Мунтазир шудем. Дам машқ мекунем, дам бозӣ. Кӣ чӣ хоҳад. Як қисми адамон дар берун, қисми дигарашон дар вагон. Ҳамдиёрам Муфтоҳиддин Ҳисомов ба шинелаш тугма медӯзад, ман ба куртаам гиребони тоза. Нохост самолётҳои душман бомбаборон карданд. Талафоти калон шуд. Дар кафои эшелони мо эшелони асирони ҳарбӣ буд. Қариб тамоман нобуд гашт. Бо ҳамшаҳрӣ Асомиддин дар чунин вазъияти ноқулай ва нохуш вохӯрдем. Ӯ аз вагони паҳлӯи мо будааст. Хушбахтона дар берун будааст. Зеро ба ин вагон се бомба афтида буд. Аксари одамонаш ҳалок шуданд. Зиндамондаҳо то фронт пиёда рафтем. Чӯраам Иброҳим Раҷаб баъди бомбаборон ваҳмак шуда монд.
Аввалҳои феврал. Шабона ба ҷангале расидем. Намояндаҳои қӯшунҳо моро қабул намуданд ва ба гурӯҳҳо тақсим карданд. Мо, ҳафт касро сержанти гирифта рафт. Рост ба окоп. Командири отделенияи мо будааст ӯ. Ҷавони хушчакчаку дилкушо менамояд. Субҳ дамид, душман ба ҳуҷум гузашт. Тирандозии пулемёти дастӣ аз қатор баромад. Ҷояш ӯро иваз кардам. Як диск холӣ накарда, аз дасти чапам ярадор шудам. Сабук. Дар медсанбат шифо ёфта, боз ба хати якум баргаштам. Вале ҳанӯз як тир лапарронда, маро ба штаб чег заданд. Ту коммунист, ба курс меравӣ гуфтанд.
Шаҳри на он қадар калони Красный Леман. Таҳсил дар курси офицертайёркунии назди армияи нӯҳум. Исматуллоевич ленинободӣ ҳам ҳамроҳам мехонд. Бо ӯ дар ҳамин курс вохӯрдем. Ҳар ду унвони летенантигӣ гирифтем.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо