Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа
шаҳр баромадаем. Ниҳоят зебо ва дилфиреб буд манзараи доманаи кӯҳсор.
— Бинед, рафиқ майор, танкҳо омада истодаанд, — кӯчаи танги байни кӯҳсорро нишон дода гуфтам. — Ба назарам аз ҷанг баргашта истодаанд.
— Не-е, инҳо машқ гузаронида истодаанд, — гуфт майор. — Ҷанг кайҳо тамом шуд-ку.
Танки якум роҳи ростро монда, ба сӯи мо меомад.
— Инсӯтар истед! — таъкид кард майор. — Роҳи ростро монда ба сӯи мо ҳай карда истодааст-а! Оббо, каллавараме!
Танк ба паҳлуи мо омада, такатак истод. Мо ҳайрон шудему чӣ кор карданамонро надонистем. Фурсате нагузашта, сарпӯши танк кушода шуд ва дарунаш танкисте баромад ва бо чаққонӣ ба замин фаромада, ба майор наздик шуд ва дасташро ба чаккааш бурда, рапорт дод:
— Рафиқ майор, танкчии гвардиягӣ Чавлон Сангинов ба хизмати Ватан тайёр!
АЗ ДАФТАРЧАИ ҚАЙДИ ОФИЦЕР
Ибтидои августи соли 1941. Муҳаррири газетаи «Бо роҳи ленинӣ» будам. Ахбороти информацион3 советиро ба чоп тайёр мекардам. Нохост ба кабинет ҷӯраҳои колхозиam Акрамшех Бобошехов, Эргаш Назар, Иброҳим Раҷаб, Шариф Саид ва агрономи колхози «Қизил қаҳрамон» Иброҳимов омаданд. «Мо ба фронт рафта истодаем, — гуфтанд онҳо. — Шумо чӣ? Беҳтар мешуд ҳамроҳи мо равед. Охир, меравед-ку». Аз ҷӯраҳо намонам гуфтаму ман низ ба военкомат рафтам ва рӯзи дигар либоси аскарӣ пӯшидам.
Истгоҳи роҳи оҳани Ленинобод бозори сермагалро ба хотир меовард. Вагонҳои сурх қатор. Оркестри нафасӣ беором марш менавозад. Ҳозир моро ба фронт гусел мекунанд.
Мана мо чор рӯз аст, ки дар вагон. Аз ҳар вагон замзама ва суруд ба гӯш мерасад. Маллаеви новӣ суруди «Савти калон» мехонад. Баъзан ман ба ӯ ҳамроҳ мешавам. Рӯзи якум латифае гуфтаму ба бало мондам. Акнун маро ба дигар вагонҳо низ таклиф мекунанд.
Хабари нохуш. Моро ба фронт нею ба дигар ҷо мебурданд. Роҳи дарози қумзор, ҳарорати ҳаво аз чил дараҷа

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо