Зеҳн
Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

гуфт. Одамонеро ном гирифт, ки аз ду ва ҳатто аз се писарашон «хати сиёҳ» гирифта буданд. Дар маросими ҳамаи онҳо худи Марзия-хола иштирок дошт. Охир, хола яке аз фаъолазанони колхоз аст. Сардори звено ва бригадир шуда кор кардааст. Ҳоло ҳам ба занони бригадаи боғдорӣ сару бар.

— Ҳа, аз дасти ман ҳам чӣ меомад, бачам,— баъд аз хомӯшии дурудароз бо овози нарми пурдрд гуфт Марзия-хола.— Ба сари кӯп омадагӣ бало.

Рӯзи дигар ҳаво софу бегубор шуд. Агар кас ба болои бом баромада, ба атроф назар афканад, ба назараш чунин мерасад, ки гӯё тамоми деҳа либоси барф барин сап-сафед дар бар гирифтааст. Ҳа, вақти гули зардолу деҳаи мо ниҳоят зебо мешавад. Махсусан, имсол, ки зардолуҳо хеле нағз гул кардаанд. Агар хунукӣ хавфнок нашавад, ҳосилро бо чидан тамом карда наметавонем.

— Ҳаво дигар бад намешавад,— гуфт Олимбобо-саркор.— Камтар хунук ҳаст, вале безарар. Акнун гап дар ғундошта гирифтани ҳосил. Имсол канӣ, ҳамон чапаевчиён, ки ба ҷони мо марҳам шаванд!

— Парво накунед, саркорбобо,— ӯро таскин дода гуфт Шарафнисо.— То пухтани зардолуҳои шумо душманро кир карда ҳамаашон бармегарданд. Беҳтараш дурусттар тайёрӣ бинед. Акнун онҳо на фақат калон шуданд, ҷасур ва боғайрат ҳам шудаанд!

Рӯзи дигар боз вохӯрданд.

— Чапаевчиёни нав пайдо шудаанд,— бо завқ хабар дод Олимбобо-саркор.— Инҳо аз аввала зӯртар мегӯянд. Зеро ба инҳо фронтчиҳо таълим медиҳанд.

Дар ин ҳангом ногоҳ овози шайпуру нақора, сониян гурс-гурси қадаммониИ низомӣ ба гӯш расид. Олимбобо-саркор ба кӯча баромад.

Чавлон рӯ ба рӯи Олимбобо-саркор рафту даст ба чакка бурда гуфт:

— Рафиқ сардори бригадаи боғдорӣ! Отряди чапаевчиёни ҷавон ба ҳар гуна ёрӣ тайёр аст!... Ҷонишини командири отряд Чавлон Сангинов!

— Боракалло, азизонам, боракалло! Бо мадади шумо имсол ҳосили рекордӣ мерасонем!

Ҳамроҳи комиссари ҳарбии район, майор (он вақт капитан буд) Сергей Васильевич ба маҷлис, ба пойтахти республика рафтем. Баъди маҷлис рӯзе ба беруни

пешина
аз 323
навбатӣ