Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа
хояшон пешпо хӯрда, бо забони худашон ким-чиҳо ҳақорат дода мерафтанд. Якеаш сахттар пешпо хӯрд магар, ба дунболам кӯшлагат зад, дигараш мурдаро монда тутхӯрӣ карданӣ шуд. Оҳиста кисаҳоямро кофт. Намедонам чизе ёфту ба даҳон зад. Сонӣ ба сости дастинам часпид. Наганро дар таги остин дошта истода будам, шарти паррондам, гӯшашро начунбонда мурд.
— Оббо, шахбоз-е, хайрият хобат бурда намондааст! — хандид капитан аз нақли ӯ завқ бурда.
— Э, хоб акнун тамом, рафиқ капитан, — шармгинона сару рӯяшро пок кард Фёдоров, агарчанде осори арақ надошт.
— Шӯхӣ мекунам, бача, — ҷиддӣ гап зад капитан.— Ту қаҳрамонӣ нишон додӣ. Агар барои ғалабаи ин операция мукофот доданӣ шаванд, туро ба рӯйхати якум мегирем. Широков, Аникиин ва Резников ҳам, дигарон ҳам, ҳамаатон ҳам вазифаи худро бо сарбаландӣ ба ҷо овардед. Ташаккур ба ҳамаатон!
— Раҳмат, рафиқ капитан! — шод гардид Фёдоров ва илтиҷоомез изҳори хоҳиш кард.— Як илтимос. Агар имконият бошад панҷ рӯзакак ҷавоб медодед...
— Чӣ, аз хоб сер шудаnӣ ту?
— Не, ба ҳавлӣ рафта меомадам.
— Чӣ, модаратро ёд кардӣ? — пурсид капитан.
— На фақат модаратро, — луқма партофтам, хазломез.
— Ҳа-а, «элак баҳонаю дидор ғанимат» гӯй? — хандид капитан.
— Асосан, модар-дия, — сурх шуд Фёдоров.
— Хайр, росташро гӯй, модаратро ёд кардӣ ё соҳибҷамолатро? Гуфтан гир, натарс, — боз шӯхӣ кард капитан.
— Ҳар дуяшонро ҳам.
— Оббо, муғамбир-е... Хайр, биёетон барои саломатии модарон қадах бардорему аз паи кор шавем! — таклиф кард капитан қадаҳро бардошта. — Бигузор модарон сиҳату саломат бошанд!
Бориши барфи ғафс, ки тақрибан як соат қабл сар
шуда буд, торафт суст шуда, осмони хокистаррангро
абрҳои сиёҳу тезгузар тира гардониданд. Тирандозии
дутарафа авҷ гирифт. Ғурриши гӯшкаркунаки моторҳои «Мессершмитт» осмонро фаро гирифту зенитчиённом

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ