Зеҳн
Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

зидди фашистони истилогари немис бо ордени Ситораи Сурх мукофотонида шавад! Маъқул, хола?
— Забонатро хӯрам, бачаҷонам!

Марзия-хола сару рӯи Чавлонро гаштаю баргашта бӯсид, сони мактубҳоро ба чашмонаш молида-молида, шитобон ба хона даромад. То аз хона баромадани хола ҳамсояҳо ҷамъ омаданд, хушхабарро шунида, холаро табрику муборакбод намуданд. Марзия-хола рӯймоли нави «Карға шоҳӣ» бароварда, ба миёни Чавлон басту бори дигар бӯсид ва гуфт:
— Ба ҷомаи бекасабаш ман қарздор холаат гардад!

— Боз як гапи нав...
— Ҳа, меомадааст? — бесаброна пурсид хола.
— Албатта, меоянд. Лекин ҳозир не, сонитар. Гапи нави ман дигар: собиқ комиссари мо Каримҷон-ако се орден гирифтааст, лейтенанти калон шудааст. Эргашу Маҳмудҷон ҳам ордену медальҳо гирифтаанд. Инҳо ҳамаашон командирони чапаевчиҳо буданд. Ба шумо хат мекашонам гуфта, аз орден ҳам мондам.

— Мана ин хел, модарони фронтчиҳоро хурсанд карда гаштанат аз даҳ орден ҳам авлотар, бачам,— гуфт Марзия-хола.

Чавлон аз хурсанди гӯё ба ҷомааш намеғунҷид. Ӯ аз шодиёнаи хола не, балки аз хати овардааш хурсанд буд. Зеро соли гузашта ба ҳамин ҳавлӣ хат не, балки ғаму андӯҳ оварда буд. «Писари шумо,— навишта шуда буд дар «хати сиёҳ», ки Чавлон оварда, ба болои кати Марзия-хола оҳиста монда, гурехта рафта буд, — Бобоҷон Шарифов қарзи дар назди Ватан-Модар доштаи худро адо карда, дар ҷангҳои зидди фашистони истилогари немис қаҳрамонона ҳалок гардид». Он вақт фарёди аламангези модар атрофро ба ларза оварда, дили мардумро реш карда буд. Он рӯзҳо ин гуна хабарҳои нохуш тез-тез омада меистоданд, деҳа аз мотам намебаромад.

— Агар вай писарам намемурд,— ба ёди модар омад он рӯзи пурдаҳшат,— аз ӯ ҳам ҳамин хел хушхабар мегирифтам. Ӯ қаҳрамон мешуд.

Марзия-хола дурудароз гиря кард. Як қисми ҳамсояҳо ба гиряи ӯ пайравӣ карданд, қисми дигар ӯро тасаллӣ медоданд. Чавлон, ки ин гиряҳоро бисёр дида,
андак худро ба даст гирифта метавонистагӣ шуда буд,
холаро ба оромӣ даъват мекард. Дар давоми бештар аз
се сол ба қишлоқ ҳамин хел «хати сиёҳ» оварда буд, ном ба

пешина
аз 323
навбатӣ