Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа
гул борон бораду мабодо шамол нашуда монад, аксари гул нобуд мешавад, дарахтон ҳосили кам медиҳанд. Барои ҳамин дар ин рӯзҳо боридани боронро ҳеҷ кас дӯст намедорад. Лекин ҳаво хеле дам. Махсусан дар зардолузор.
Марзия-хола ҷорӯб дар даст, рӯи ҳавлӣ мерӯфт. Пагоҳӣ боз бори сеюм аст, ки вай ба рӯи ҳавлӣ ҷорӯб мезанад. Зеро гулхон зардолу ғӯра ҷудо карда мерехтанд ва бориши барфи лаклакиро ба хотир меоварданд.
Аз дур суруди «Аз дараи Камароб анора овардам» ба гӯш мерасид. Ин таронаи ба ҳама шинос торафт баландтар мешуд. Марзия-хола сурудро шунида, ба сӯи дари боғ равона шуд. Ӯ ҷорӯбро ба қафои дар монда, сарсемавор дарро ба рӯи Чавлон кушод.
— Тезтар қадам монӣ намешавад, бачам? — хаткашонро ба даруни ҳавлӣ таклиф карда, аз пешониаш бӯсид Марзия-хола. — Илоҳо умракат дароз шавад, бачам. Пагоҳ ин ҷониб чашмам ба роҳат чор. Даҳ маротиба то Сойча рафта омадам. Ҳеҷ не, ки оҳ, бачам. Чӣ, қорат бисёр шуд?
— Имрӯз хат бисёр буд, холаҷон. Се маротиба ба шаҳр, ду маротиба ба маркази район рафта омадам. Имрӯзҳо ман ба колхози ҳамсоя ҳам хизмат мекунам. Хаткавонаш ба фронт рафта, ба ҷои вай падараш кор мекард. Мӯйсафед касал шудааст. Аз ман илтимос кард, ман ёрӣ дода истодаам. Чунон хат бисёр, ки... Ин шабу рӯз военкомат ба ҷанг одам намефиристанад. Фақат бо хату хабар орова. Пеш даъватномаи бисёр мекашондем. Акнун фақат хат.
— Ба ман хат оварди? — пурсид бетоқатона Марзия-хола.
— Албатта. Овозамро нашунидед магар? Охир, хат набошад, овозамро набароварда, оҳиста гузашта меравам-ку!
— Мабодо овозат гирифта монад-чӣ, гуфтам-дия бачам.
— Овоз карнай барин, холаҷон. Хусусан, мактубҳои нағз омада истод, овозам мошина-ашӯла барин ҷарангос задан мегирад, — гуфт Чавлон.
— Маълум мешавад, ки ба ман мактуби нағз оварди?
— Нағз ҳам гап-мӣ, холаҷон, — мактубро ба Марзия-хола дароз карда истода, бо овози баланд дод зад Чав-лон. — Старшинай гвардиячӣ, командири взвод Ашӯр-бой Шарифов барои хизматҳои шоёнаш дар ҷангҳои

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ