Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа
— Ман одами даркорӣ не-ку, раисамак?
— Ту даркор не? Кӣ гуфт? — ҷиддӣ шуда пурсид раис. — Аз ҳафтсола то ҳафтодсола ҳама даркорӣ! Кӣ пахта мекорад? Кӣ зардолу мечинад? Галлаю шолӣ чӣ? Чорво чӣ?
— Раисамак рост мегӯянд, Чавлонҷон, — фаҳмонд парторг. — Ба фронт меравам гуфтан маънои қаҳрамониро надорад. Қаҳрамон касест, ки кори аз ҳама зарурро иҷро кунад. Ҳар як кило дон, ҳар як кило пахта ҳам бомбаест ба сари душман!
— Агар қаҳрамонӣ кардан бошӣ, ба бригадан модарат рафта ёрӣ расон. Табельчиаш ба фронт рафт. Касе нест, ки рӯзи меҳнати колхозчиёнро ба ҳисоб гирад. Ту рафта табельчӣ мешавӣ, — гуфт раис.
— Охир, ман дар военкомат ҳам кор мекунам-дия, — сарашро бардошта ҷиддӣ гап зад Чавлон.
— Дар военкомат? Қачон боз? — пурсид парторг.
— Аз ҳамин рӯз. Ман хаткашони военкомат. Худи капитан чеғ зада фармуд.
— Кори аввалаат чӣ мешавад? — пурсид парторг.
— Чаро як даҳон маслиҳат накарда... Ман ҳозир военкомро чеғ мезанам! — раис бо қаҳр сӯи идора қадам заданӣ буд, Чавлон тозон рафта, пеши роҳи раисро дошт.
— Чеғ назанед, раисамак, ман ҳар дуяшро ҳам кардан мегирам! — гуфт Чавлон.
— Ҳам хати колхозрою ҳам хати военкоматро мекашонӣ? — ба ҳайрат монда пурсид раис ва нобоварона сар ҷунбонда, ба парторг нигарист. — Шумо чӣ мегӯед? Ба бача вазнинӣ намекарда бошад?
— Ман ҳайрон, — китф дарҳам кашид парторг.
— Ман ба капитан ваъда додам, раисамак. Хatkaшонҳои фронт шабу рӯз ором нагирифта кор кардаанд. Ман ҳам шабу рӯз медавам.
— Кори отряд баромада монад чӣ? — пурсид парторг.
— Чӣ хел супориш надиҳанд, иҷро мекунам — ҷавоб дод Чавлон. — Инро ҳам супориши ҷангӣ мегуфтаанд!
ҲАМА ИНТИЗОРАШ МЕШАВАНД
Ҳаво имрӯз ҳам софу беғубор. Пагоҳӣ дар осмон абрхон дайду тохтутоз карда, дили одамонро каме ғаш кунонданду боз пароканда шуда рафтанд. Охир, дар вақти

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ