Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа
Фақат ҳаминаш дар хотираш буд, ки сумкаи хаткашониашро гирифта, велосипедашро аз дарвозаи ҳавлиашон бароварда буд...
— Агар калонтар мебудӣ, ба фронт мерафтию баъд медонистӣ, ки азобу ҷанг чист, — гуфт раис ҳанӯз аз ҷаҳлаш нафаромада, — дар он ҷо барои ману ту шуда одамон хун мерезанд, ҷон медиҳанд! Ба онҳо мо чӣ нафъ расонда истодаем? Ҳеҷ набошад, аз паи зану фарзандонашон шавем!..
— Майлаш, раисбоқӣ, хурд бошам ҳам, маро ба фронт фиристонед. Ман ба фронт меравам! Барои падарам қасос мегирам! — худро дошта натавониста, гирист Чавлон.
Парторг, ки аз воқеа огоҳ буд, ғамгин гашт ва велосипеди дар як сӯ хобидаи Чавлонро бардошта, ба дарахти тут такя кунонд. Сонӣ вазнин-назнин қадам монда, ба раис наздик шуд ва ба ӯ ким-чӣ гуфт. Раис худро хеле ноқулай ҳис кард. Ӯ «хати сиёҳ»-и аз падари Чавлон омадаро фаромӯш карда буд.
— Гиря накун. Ту кӯдак не-ку, — дилдорӣ дод парторг. — Бо ин аҳвол чӣ хел командири чапаевчиён шудӣ?
— Командир не, — зуд ислоҳ кард Чавлон, — муваққат. То ёфтани командир.
— Командир? — бо тааҷҷуб пурсид раис. — Командир Ашӯр буд-ку?
— Ашӯр кайҳо дар фронт, — ҷавоб дод парторг.
— Вай хурд буд-ку.
— Қабул карданд. Солаш нарасад, қабул намекунад-ку, — гуфт парторг.
— Солашро калон кардагӣ, — нафаҳмида гуфта монд Чавлон ва зуд аз гуфтааш пушаймон шуда, илова кард: — Ба ман инро Маҳмудҷон гуфт.
— Ариза дода, тавалло карда бошад, аз ҷонашон сер шуда, фиристондагӣ-дия, — раис тоқии нимдошташро афшонда, аз нав пӯшид. — Ҳа, нагуфта, дар колхоз як худам мемонам, ба назарам.
— Аввал Каримҷон рафта буд. Аз паси ӯ Эргашбой рафт, сонӣ Абдулло. Ҳамаи аз ман калонҳо рафтанд. Фақат ман мондам. Шумо гӯед, раисбоқӣ, военком ба гапи шумо медарояд.
— Кӣ гуфт?
— Военком.
— Аҷаб гапҳоро мегӯй-дия, — даст афшонд раис рӯй тофта, — ҳар рӯз ба назди вай рафта, тавалло мекунам, ки одамҳои даркориро нагир гуфтаю...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ