Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа
беҳтарин будай. Аз имрӯз дар комиссариати ҳарбӣ ҳам кор мекунӣ. Алоқачии ҳарбӣ мешавӣ. Дуруст?
— Нияти маро фаромӯш намекунед?— пурсид Чавлон.
— Чӣ буд?
— Танкчӣ шудан.
— Э, ҳа, ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунам! Вақташ, ки шуд туро, албатта, ба қисми танкӣ мефиристам. Маъқул?
— Маъқул, рафиқ капитан.
— Акнун мактубҳоро дар вақташ ба соҳибонаш расониданат шарт. Вале дигар, пештара барин не. Яъне, кори ҳарбӣ барин гап. Супориши ҷангӣ гӯем ҳам хато намекунем. Хайр, барори кор мехоҳам!
— Ба Иттифоқи Советӣ хизмат мекунам! — монандӣ ҳарбиён дасташро ба чаккааш бурд Чавлон. Капитан завқ карда хандида, гуфт:
— Молодец, ҷанговари далер!
Кори Чавлон рӯзи аввал барор накард. Аз комиссариати ҳарбӣ мактубҳои ба совети қишлоқашон дахлдорро гирифту ба роҳ даромад. Дар роҳ як қисми мактубҳоро ба колхози ҳамсоя супурда, роҳи колхози худашонро пеш гирифт. Баробари аз дур намоён шуданаш раису парторги колхоз ба вай дӯг заданд. Раис ҳатто дашном дод ва сумкаи хаткашони Чавлонро аз дасташ кашида гирифта гуфт:
— Рав! Ту барин хаткашон ба мо даркор не!
Чавлон ҳайрон шуд. Воқеаҳои ҳафтаи охир аз лавҳаи хотираш як-як гузаштанд. Аммо аниқ карда наметавонист, ки чӣ гуноҳе содир карда бошад? Се рӯз пеш парторг хеле таъриф карда буд: «Акнун ту сардори хаткашонҳои колхоз шудӣ. Пиёда намегардӣ. Ба раис мегӯям, ба ту ёрӣ мерасонанд» гуфта буд-ку!
— Дина чаро ба почта нарафтӣ? — пурсид парторг.— Чашми садҳо падару модарон ба як порча хати фарзанд чор, аз гулӯяшон об намегузарад, ки бачаашон зинда ё не? Бояд нағз донӣ, ки ҳозир замони ҷанг. Ягон кори ба таъхир мемондагӣ нест.
Чавлон гуноҳи худро фаҳмида, сукут карда монд, бо нӯги мӯзаи дарида ба замин хат кажидан гирифт. Хаёл ӯро гоҳ ба майдони ҷанг мебурд, гоҳ ба ҳавлиҳои пур аз гирьяю нола. Ҷуръат надошт гӯяд, ки дигар такрор намекунад.
Аслаш, мебоист ӯ ба почта равад. Худаш ҳам ҳайрон шуд, ки чӣ хел ба комиссариати ҳарбӣ рафта монд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ