Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа
— гуфт котиби бюрои партиявии колхоз, — аз тарафи дигар, ба колхоз ҳамчун бригадаи зарбдор хизмат мерасонд. Кадом соҳа ва ё кадом бригада қафо монад, ба чапаавҷиён муроҷиат мекардем. Дере нагузашта, бригадаи қафомонда ба сафи пешқадамон мегузашт. Як қисмашон, сардоронашон ба фронт рафтанду отряд пароканда шуд. Ба ин худи мо гунаҳқор!
— Нияти барқарор кардан надоред?
— Қошки! Якто-нимто шумо барин ёрӣ мерасонидагӣ пайдо шавад-ку...
— Майлаш, роҳбариашро ман ба зимма мегирам. Лекин ягон командирбоб бача ёфтан даркор. Аз кӯҳнаҳо бошад нағз мешуд, — гуфт Ҳасанҷон.
— Аз кӯҳнаҳо кам монданд. Аксарашон синнашон пурра шуду ба фронт рафтанд, — фаҳмонд парторг. — Ҳамон Чавлони хушкялик ҳаст-дия. Лекин ӯ хаткашони нағз. Ба ҷояш чанд касро мондем, ӯҳда карда натавонист. Падару модарони фронтчиҳо мехоҳанд, ки хаткашонашон фақат Чавлон бошад. Ҳозир ба ҷои се кас кор мекунад. Мегӯяд, ки дигар кас лозим не, худи ман ҳамаашро саришта мекунам.
— Ман ӯро аз феълаш гардондам. Ба фронт рафтанӣ буд.
— Хаёл кардам, ки ба командирии отряд худи Чавлонро монему...
— Не, не, — гапи парторгро бурид Ҳасанҷон, — ман медонам, намешавад. Якум лаёқати роҳбарӣ кардан надорад, дуюм аз ширинкорон роҳбари ҷиддӣ намебарояд. Ҳамту дар амалиёти отряд иштирок карданаш мумкин. Барои чӣ масъулияти дар вақташ ба соҳибонаш бурда расонидани хату хабар, газетаю журналро ҳам ба зиммаи отряд мондан мумкин не?
— Дар воқеъ, фикри олиҷаноб, Ҳасанҷон! — хурсандона маъқул донист парторг.
СУПОРИШИ ҶАНГӢ
Ба қавли комиссари ҳарбӣ дар замони ҷанг хаткашонӣ ҳам вазифаи ҷангӣ ҳисоб меёбад. Чавлон дар аввал ба маънои он дуруст сарфаҳм нарафта буд. Баъди сӯҳбатҳои лейтеманти калон Ҳасанҷон ва вохӯрии дуюм бо капитан ӯ ба ин ҳунар ҳавас ва иштиёқи калоне пайдо кард.
— Ман тафтиш кардам, — гуфт капитан, — ту хаткашони

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё