Зеҳн
Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

дар сари қабри ӯ салют дода сукут рафтанд. Номаш ба китоби ҷангномаи полк абадӣ навишта шуд. Ҷангидан ҳам ҳар хел мешавад, мурдан ҳам!

— Лекин ин ҳам, — Чавлонро ишора карда, ба дигарон рӯ овард лейтенант, — чакана набудааст. Разведкачии зӯр мешавад. Ҳамин сержанти милицияро бовар кунонд, ки гунг аст! Қанд зан-е!

— Писари падараш-дия! — ба китфи Чавлон зада монд Ҳасанҷон.

— Гап ин тавр, писари нағз, — маслиҳат дод лейтенант, — ту дар ҳамин ҷо истода, ба фронт мадад расониданат даркор.

— Дуруст мегӯянд, — қувват дод Ҳасанҷон, — инро ҳам қасосгирӣ мегӯянд!

— Падари ман ҳам дар фронт ҳалок шудагӣ, — ба гап ҳамроҳ шуд сержанти милиция. — Ман ҳам ту барин хостам, ба фронт рафта аз душман қасос гирам. Гуфтанд, ки шумо ҳоло дар ҳамин ҷо заруред.

— Фронтчиҳо ғами ақибгоҳро мехӯранд, аз оилаи худ хавотир мешаванд, — гуфт Ҳасанҷон. — Рост-дия, онҳо барои чӣ, барои кӣ меҷанганд?

— Рост мегӯед, рафиқ лейтенанти калон, — гуфт лейтенант, — ҳозир ҳар як коре, ки дар ақибгоҳ иҷро мешавад, ин ҳам супориши ҷангист. Ту пайдо шуда, роҳи ман кӯтоҳ шуд. Ман ба Тошканд бармегардам. Ба Ленинобод Ҳасанҷонро ту гирифта меравӣ. Фаромӯш накун, ки ин ҳам супориши ҷангӣ!

Чавлон ба нияташ нарасида бошад ҳам, хурсанд шуд, ки ҷанговарони аз фронт баргаштаро пешвоз гирифт. Махсусан, вохӯрӣ бо Ҳасанҷон, ки оилаҳои онҳо девор дар миён зиндагӣ мекунанду хеши дур ҳам мебошанд, фаромӯшнашаванда гардид. Боз чӣ? Ҳасанҷонро ҳамроҳ гирифта меравад.

Ҳамин тариқ, онҳо ба Хуҷанди куҳан, ба деҳаи дилрабои худ баргаштанд. Фурсате нагузашта ҳавлии Ҳасанҷонино ба тӯйхона мубаддал гашт. Чавлон ва модараш Шарафнисо ҳам ба қабулу гусели меҳмонон банд шуда монданд.

Ҳасанҷон рӯз аз рӯз беҳтар шуда, баъзан ба маркази колхоз мебаромадагӣ, каму беш ба кори колхоз ёрӣ мерасонидагӣ шуда монд. Ӯ дар бораи отряди чапаевчиён таърифҳои бисёре шунид. Холдонон гуфтанд, ки отряд ба колхоз мадади калон расонидааст.

— Аз як тараф, бачаҳоро аз кори ҳарбӣ бохабар мегардонад,

пешина
аз 323
навбатӣ